Дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд қазияи аз оши палав заҳролуд ва ҳалок шудани сокинони ин шаҳрро шарҳ дод. Дар ин иттилоия омадааст, ки сабаби марги сокинони Хуҷандро ҳар расона ба таври худ шарҳ додааст, аммо дар асл тибқи маълумоти мақомоти марбута шаҳрвандон Абдуҷаббор Норматов, Бахтиёр Мирбобоев, Маъруф Алиев, Носир Тоҳиров, Комил Баҳриддинов, Равшан Мӯъминов, Ҳотам Раҷабов ва Комил Зокиров дар назди бинои 5, микроноҳияи 19-и шаҳри Хуҷанд тақрибан соатҳо 12-и 30-юми декабри соли 2017 оши палави ҳарифона ташкил намуда, онро якҷоя истеъмол кардаанд. Аз ин палав Муборакхон Норматова ҳамсари Абуҷаббор Норматов низ истеъмол кардааст.

Баъди шаш соати хурдани палав шаҳрвандон Абуҷаббор Норматов ва Муборакхон Норматова дар вуҷудашон ноҷуриро ҳис менамоянд ва то соати 22:00 дар хонаи худ ба худмуолиҷа машғул шуда, баъд «Ёрии таъҷилӣ»-ро даъват мекунанд. Онҳо фавран дар беморхонаи касалиҳои сиоятии шаҳри Хуҷанд бистарӣ карда мешаванд ва меъдаашон шустушӯ мешавад.

Тақрибан соатҳои 23:55 тариқи «Ёрии таъҷилӣ» боз як бемор бо нишонаҳои дилбеҳузурӣ, паст будани фишори хун, сарчархзанӣ, қайкунӣ ба беморхонаи мазкур оварда шудааст, ки ӯ сокини шаҳри Хуҷанд, маҳаллаи 19, хонаи 3, ҳуҷраи 24 Бахтиёр Муртазоев будааст, ки дар ин “гаштак” шарик будаст.

Тибқи иттилои Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд аз натиҷаи муоинаи духтурон бармеояд, ки дар ҳар се бемор кабудшавии нохунҳо ва лабу забон дида мешавад. Аз сабаби набудани дарунравӣ, таб, қайкунии зиёд, ташхиси заҳролудшавӣ аз ғизои манбааш сироятӣ инкор карда шудааст.

Дар натиҷаи муоинаи эпидемологӣ муайян шудааст, ки дар палавхурӣ 8 нафар иштирок дошта, фавран боз ду нафар Равшан Мӯъминов ва Ҳотам Раҷабов дар беморхонаи шаҳрии №1 шуъбаи гемодиализ бистарӣ карда шуданд.

Аз тарафи Маркази экспертизаи судӣ-тиббии вилояти Суғд муайян карда шудааст, ки дар ин палав ба ҷойи намаки ош маҳлули нитрити натрий истифода шудааст.

Мутаасифона, Маъруф Алиев дар маркази дилшиносӣ ва Носир Тоҳиров, Комил Баҳриддинов ва Комил Зокиров дар хонаҳои истиқотматии худ фавтиданд.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Хуҷанд дар охир менависад, ки сару садоҳое амсоли он, ки гӯё фавтидагон аз арақ ва дигар намуди машрубот заҳролуд гардидаанд, комилан ғалат буда, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳолати чӣ гуна роҳ ёфтани нитрити натрийро ба палав маълум хоҳанд кард.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here