Вазорати корҳои дохилӣ маълумоти дар шабакаҳои интернетӣ дарҷшудаи ошкор шудани 3 тонна гӯшти хар дар роҳ ба Душанбеву пас нопадид шудани онро мавриди баррасӣ қарор дода, иттилоъ медиҳад, ки хабари мазкур асоси воқеӣ надорад.
Барои дастгир ва муайян намудани ашхосе, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсулоти пастсифат ворид менамоянд ва ё маҳсулоти бесифатро ба фурӯш мебароранд, аз ҷониби кормандони милитсия мунтазам чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гузаронида мешавад.
Дар натиҷаи чунин чорабиниҳо муайян карда шуд, ки шаҳрванд Ҷӯраев Олим Шарифбоевич, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, як қисми ҳавлии истиқоматии шаҳрванд Қодиров Маҳмуд Абдумуминович, соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи Б.Ғафуровро ба иҷора гирифта, аз Ҷумҳурии Қирғизистон бо роҳи қочоқ гӯшти қиммакардашуда ворид намуда, баъдан онро ба шаҳри Душанбе ба корхонаҳои истеҳсоли ҳасиб фиристодааст. Маҳсулоти воридкардаи ӯ ягон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи сифат ва бехатариро надорад.
Дар натиҷаи амалӣ намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва азназаргузаронии манзили истиқоматии Қодиров М.А. 50 қуттӣ ба вазни умумии
Ҳамчунин дар дидбонгоҳи БДА ШВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар н.Айнӣ худи шаҳрванд Қодиров М.А. дастгир карда шуд, ки номбурда
Мувофиқи хулосаи ташхиси озмоишии санитарӣ-бактериологии Маркази назорати давлатии санитарию-эпидемиологии ш.Хуҷанд, №45 аз 22-феврали соли 2018 маҳсулоти гирифташуда, яъне
Дар асоси маводҳои таҳиякардашуда нисбати Ҷӯраев О.Ш. аз ҷониби Прокуратураи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо моддаи 209 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишоти пешакӣ идома дорад.