Дар ноҳияи Шаҳритуз тайи 9 моҳи соли гузашта  31 синфхонаи иловагӣ барои  1550 ҷойи нишаст дар ду баст ба истифода дода шуда, сохтмони  6 мактабу 6 синфхонаи дигар идома дорад.

Бино ба гуфти мудири маорифи ноҳия Комил Очилдиев дар ноҳия ҷиҳати беҳтар намудани вазъи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинои шуъбаи маорифи ноҳия, муассисаҳои таҳсилоти умумии рақамҳои 34, 54, 40, 47 ва сохтмони ду муассисаи навбунёд дар деҳаи Рудакӣ ва Қумшохи болои ҷамоати деҳоти ба номи Холматов оғоз гардида, то ҷашн ба истифода дода мешаванд.

Инчунин, дар назди муассисаи таҳсилоти ибтидоии №53-юм 6 синфхонаи иловагӣ аз тарафи ташкилоти ғайридавлатии “Международное добрососедство” ба нақша гирифта шудааст.

Комил Очилдиев илова кард, ки  ба ҷуз ин, дар нуҳ моҳи соли 2019 аз ҳисоби ташкилоти ғайридавлатии «Международное добрососедство» ба муассисаи №23-юм 12 ҷуфт ва ба муассисаи №6-ум 36 ҷуфт мизу курсӣ дастрас карда шуд.

Ҳамчунин, аз ҳисоби буҷаи ноҳия  28 адад компютер, 1 адад тахтаи эектронӣ, 5 адад принтер, 14 адад проектор барои муассисаҳои соҳаи маориф харидорӣ карда шуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here