Бо иштироки намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ВТҲИАҶТ), Каритас Олмон дар Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ (МИҲД) ва дигар ташкилоту муассисаҳои манфиатдор маросими ифтитоҳи расмии бинои нави Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ дар ноҳияи Шаҳритус, ки дар чорчӯбаи лоиҳаи “Татбиқ намудани таҷрибаи пешқадами Барномаи тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал барои шахсони маъюб дар ноҳияи Шаҳритус” (Лоиҳа) бозсозӣ ва бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардидааст, доир шуд. Лоиҳа аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва Каритас Олмон маблағгузорӣ шуда, бо дастгирии ВТҲИАҶТ ва дар ҳамкорӣ бо МИҲД-и ноҳияи Шаҳритус ва Ташкилоти ҷамъиятии “Шифо” татбиқ мегардад.
Муовини раиси ноҳияи Шаҳритус Раҷабзода Меҳринисо зимни сухани пазироӣ ба донорҳо изҳори сипос намуда, нақши Лоиҳаро ҷиҳати беҳтар намудани сифати зиндагии шахсони дорои маъюбият (ШДМ) дар ноҳия хеле баланд арзёбӣ кард.
Сардори Шӯъбаи хизматрасонии иҷтимоии ВТҲИАҶТ Юсуфзода Фахриддин ба сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши иҷтимоӣ тамаркуз намуда, қайд кард, ки ифтитоҳи ин бинои нав воқеан саҳми бузургест дар татбиқи ташаббуси ВТҲИАҶТ ҷиҳати табдил додани шӯъбаҳои хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона ба марказҳои хизматрасонии иҷтимоӣ ва умуман Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017 — 2020.
“Ташкилоти мо, ки дар амалисозии Барномаи тавонбахшӣ дар сатҳи маҳал дар Тоҷикистон беш аз даҳ сол таҷрибаи корӣ дорад, талошҳои худро ҷиҳати воридсозӣ ва татбиқи таҷрибаҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ бо мақсади фароҳам овардани шароитҳои беҳтари зиндагӣ барои қишрҳои осебпазиртарини ҷомеа идома хоҳад дод”, изҳор дошт намояндаи Каритас Олмон дар Тоҷикистон Негматов Шуҳрат ва умедвор шуд, ки ин Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ ҳамчун як чатр хизмат хоҳад кард, ки ташкилоту муассисаҳои манфиатдор зери он якҷоя амал намуда, барои бунёди ҷомеаи фарогир изҳори назар хоҳанд кард.
Бинои Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ дорои 6 ҳуҷра мебошад, ки онҳо ҳамчун бахши хизматрасонии иҷтимоӣ дар хона, бахши иттилоотӣ – таҳлилӣ, идораи ташкилоти ҷамъиятии маъюбони ноҳия, ҳуҷраи тавонбахшии кӯдакони дорои маъюбият, устохона барои таъмири воситаҳои техникии тавонбахшӣ ва ошхона хизмат мерасонанд. Илова бар ин, бо мақсади беҳтар намудани ҳолати беҳдоштии Маркази хизматрасонии иҷтимоӣ як ҳоҷатхонаи дастрас, дастгоҳи обкашии дастӣ ва манораи захирасозии об сохта ва насб карда шуд.
Маросим бо супоридани микроавтобуси Лоиҳа ба Муасссисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Шаҳритус анҷом ёфт. Микроавтобуси мазкурро дастаи бисёрсоҳаи духтурон, ки аз шикастабанд, асабшинос, духтурони атфол, чашм ва гӯшу гулӯю бинӣ иборат мебошад, истифода хоҳад бурд. Ин дастаи сайёри духтурон, ки бо дастгирии Лоиҳа ташкил карда шуд, ҳадди ақал моҳе ду маротиба ва дар ҳолатҳои зарурӣ ба минтақаҳои дурдасти ноҳия сафар карда, ба шахсони ниёзманд, алалхусус ШДМ машваратҳои ройгон пешниҳод менамоянд.