Суди ҳарбии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Алёна Ким — зани 36-солаи сокини шаҳри Ширини вилояти Сирдарёро барои ҷосусӣ бар нафъи Тоҷикистон айбдор карда, 10 сол аз озодӣ маҳрум сохт.
Мувофиқи маълумоти адвокат Надежда Пак, ки ҳуқуқҳои Алёна Кимро дар суд ҳимоя мекард, зерҳимояаш дар асоси моддаи 157-и Кодекси ҷиноятии Ӯзбекистон («хиёнат ба ватан») гунаҳкор дониста шудааст. Ҳукми додгоҳ 22-юми июли соли ҷорӣ мавриди амал қарор гирифтааст.
Бино ба иттилоъ хешовандони Алёна Ким, азбаски парванда сирри давлатии Ӯзбекистон ҳисоб мешуд, ҳамаи онҳо низ барои пурсиш ба суд кашида шудаанд.
Хешовандони Ким, ки дар мурофиаи суд иштирок кардаанд, мегӯянд, ки Ким ҳамчун ҷосус, барои додани маълумоти махфии давлатӣ ба дигар давлат, ба расонидани зарар ба амнияти давлат, айбдор карда шуд.
Хоҳари калони Алёна Ким, Виктория Султонмуродова мегӯяд, ки мақомоти Ӯзбекистон хоҳари ӯро барои як муддати кӯтоҳ, ки дар Тоҷикистон кор мекард, ҳамчун ҷосус айбдор донистанд.
Мувофиқи маълумоти адвокат Надежда Пак, Алёна Ким, ки қаблан дар посгоҳи низомии вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон кор мекард, бо ҳамроҳи дӯсти худ Ҳалимова Зулайхо барои кор ба Тоҷикистон рафтааст. Аз соли 2004 то 2005 духтарон дар тарабхонаи «Ойхили»-и шаҳри Хуҷанд ҳамчун пешхизмат кор кардаанд.