Имрӯз қисми зиёди роҳҳои маҳалии ноҳияи Шаҳритус ҳолати ногувор дошта, ниёз ба таъмиру азнавсозии ҷиддӣ доранд, вале масъулини соҳа вазъро ба таври дигар шарҳ дода мегуянд, ки 50 дарсади роҳҳои маҳалӣ ба талабот ҷавобгӯ аст.

Барои бе мушкилӣ ҳаракат кардани воситаҳои нақлиёт ҳамасола аз буҷаи кишвар маблағҳои ҳангуфт ҷудо карда мешавад, ки бо маблағҳои ҷудошуда қисме аз роҳҳо таъмиру бозсозӣ мешаванд, аммо вазъи таъмирталабии роҳҳо дар ноҳияи Шаҳритус то кунун ҳамчун мушкилоти меҳварӣ ба шумор меравад. Ба гуфти сармуҳандиси Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Шаҳритус Шуҳрат Маҷидов дар мувозинаи муассиса зиёда аз 94,7 км роҳҳои аҳамияти маҳалидошта мавҷуд аст, ки баъзеи ин роҳҳо тӯли 27 сол тамоман рӯи таъмиро надидаанд. Гуфта шуд, ки таъмиру нигаҳдории роҳҳои маҳалӣ бар зиммаи мақомоти маҳал вогузор гардидааст, аммо дар 8 моҳи соли ҷорӣ аз ҷониби мақомоти маҳалӣ 17 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст, ки бо ин маблағ имкони таъмир кардани ҳатто 1 км роҳ нест. Ӯ мегӯяд: “Чандин маротиба ба мақомоти болоӣ барои маблағгузории бештари  таъмири роҳҳои маҳал муроҷиат кардем, аммо касе ёрӣ накард». Инчунин, ӯ афзуд, ки 50 дарсади роҳҳои маҳалӣ ба талаботи рӯз ҷавобгӯ аст. Ин дар ҳолест, ки тибқи мушоҳидаҳо маълумамон гардид, ки дар умум ҳамаи роҳҳои маҳалии ноҳия ҳоли хароб доранд. Беҳуда нагуфтаанд: «Офтобро ба доман пӯшонида намешавад». Пас, чаро бархе аз масъулин мушкилотро пинҳон мекунанд? Бояд гуфт, ки дар роҳи мазкур ҳаракати нақлиёт дар фасли баҳору зимистон мушкил аст ва сокинон аз ин чиз солҳост азият мекашанд. Ҳарчанд мушкилот зиёд аст, вале масъулини муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи мазкур мегӯянд, ки норасоиҳо ҳалли худро пайдо хоҳанд кард. Агар аз як тараф вазъи ҳузнангези роҳҳои маҳалии ноҳия ҳамчун мушкилоти калидии ронандагон ба шумор равад, ҳамзамон бинои муассисаи мазкур ба таъмири ҷиддӣ ниёз дорад, зеро шахс аз ворид гардидан ба ин бино табъаш хира мегардад. Бархе аз утоқҳои кории кормандони ин муасссиса пур аз хоканду ҳатто партов низ дида мешавад.

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here