Дар ин авохир масъалаи аз байн рафтани рӯзномаи ягона дар сатҳи Ҷумҳурии Ӯзбекистон — “Овози тоҷик” ба яке аз масъалаҳои доғтарин табдил ёфтааст. Дуруст аст, ки сару садоҳои зиёд баланд мешаванд, даъватҳо яке аз паси дигар дар саҳифаҳои ин рӯзнома ва шабакаҳои иҷтимоӣ нашру пахш мегарданд.
Аз ҷумла, муроҷиатномаи равшанзамирони ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғонаро рӯзи чоршанбе “Овози тоҷик” дар саҳифаи худ интишор кардааст. Ин муроҷиатнома бо чунин ҳарфҳои даъваткунанда шурӯъ шудааст: “Ҳамдиёрони азизу арҷманд! Омӯзгорон ва ходимони тибби ноҳияи Сӯх! Равшанфикрону равшанзамирон! Эй, ҳар сӯхие, ки забону миллати худро дӯст медорад!
Мо, як гурӯҳ собиқадорони меҳнат, омӯзгорон, духтурон ва кормандони идораҳои гуногуни ноҳия бо ташвиши ҷиддӣ ба шумо муроҷиат мекунем. Дар ин рӯзҳои тақдирсоз “Овози тоҷик” ба як бунбасти ҷиддии молӣ рӯ ба рӯ шудааст. Яке аз сабабҳои асосии он кам шудани теъдоди обуначиҳо мебошад”.
Дар идомаи муроҷиатнома омадааст, ки ин рӯзномаро киҳо таъсис додаанд ва аз кай ба ин сӯ ба нашр мерасад. Муроҷиатнома бо чунин ҷумлаҳо идома ёфтааст: “Мо барои он бонг мезанем ва аз шумо ба “Овози тоҷик” обуна шавед гуфта даъват менамоем, ки он ҳастии миллати мо дар Ӯзбекистони соҳибистиқлол аст. Агар мо ин корро накунем, зери нангу номус мемонем. Биёед, ҳама аз як гиребон сар барорему рӯзномаро дастгирӣ кунем, яъне ба он обуна шавем. Дар байни мардуми мо сарватмандони баору номус ҳастанд, бигузор онҳо устодони худ, собиқадорони меҳнат ва шахсони камбизоати равшанфикрро ба рӯзнома обуна кунанд. Ин кори савоб аст!”
Муроҷиат аз ин беҳтару хубтар намешавад, аммо дар муқобили ин муроҷиат вокунишҳоро ба он наметавон арзёбӣ кард, ки қобили ситоиши минатдориҳо бошад. Оре, чанд нафар одамони саховатпешаву равшанзамир дасту остин барзадаанд ва дар ин маврид гомҳои наҷиб мебардоранд, барои чанд нусха худрову дигаронро обуна мекунанд, вале ҳанӯз вазъият беҳбуд наёфтааст ва теъдоди обуначиён низ чандон рӯ ба афзоиш нест.
Мутаассифона, як падидаи бад пайдо шудааст, ки аксари мақомоти роҳбарии вилоятҳову шаҳрҳо аз нашрияи худ ҳимоят мекунанд ва барои обунаи он талоши зиёд ба харҷ медиҳанд. Бо вуҷуди он, ки ба худи ҳокимони бархе аз вилоятҳое, ки он ҷо тоҷикон дастаҷамъона сукунат доранд, дар бораи обуна гӯшзад карда шуд, вале ягон натиҷаи мусбат ба бор наомадааст.
Акнун тамоми умед ба сарвари давлат мондааст, ки ишорае кунаду рӯзномаи “Овози тоҷик” ва чанд рӯзномаи дигар аз вартаи нестӣ наҷот ёбанд.
Дар айни ҳол теъдоди муштариёни “Овози тоҷик” ҳудуди 700 нафар мебошад. Умедворем, ки хитобаву муроҷиатҳо ва вокунишҳо дар ин замина натиҷаҳои хуб дар пай дошта бошанд ва рӯзномаи “Овози тоҷик” ба нашраш пайваста давом кунад.
Ногуфта намонад, ки дар айни ҳол Парлумон ва Ҳукумат чор рӯзномаи муштарак доранд, ки яке аз он “Овози тоҷик” мебошад. Қарор аст, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ минбаъд рӯзномаҳои худро дар шакли алоҳида ва ба ду забон интишор мекунад. Инҳо рӯзномаҳои собиқадори русии “Правда Востока” ва рӯзномаи нави “Янги Ӯзбекистон” мебошанд. Гуфта мешавад, ки барои рӯзномаи “Янги Ӯзбекистон” маъракаи обунакунӣ роҳандозӣ нашудааст ва ба ин эҳтиёҷе нест, ҳамчунин тибқи тахминҳо онро ҳукумат то як замоне, ки барои обунакунӣ имконият пайдо шавад, комилан таъмини молӣ хоҳад кард.
Аммо ҳанӯз маълум нест, ки рӯзномаҳои “Халқ сӯзи”, “Народное слово” “Нурли жол” ва “Овози тоҷик”, ки нашрияи муштараки Парлумони ҷумҳурӣ ва Девони Вазирон мебошанд, ба чӣ сарнавишт мувоҷеҳ хоҳанд шуд. Шояд аз ин ба баъд танҳо Девони Вазирон чор рӯзномаро муассисӣ намояд, ки ба чор забон — ӯзбекӣ, русӣ, тоҷикӣ ва қазоқӣ интишор меёбанд ва ду рӯзномаи дигар ба нашрияи Олий Маҷлис мубаддал шаванд.
Ҳоло дар ин маврид қотеъона чизеро пешгӯӣ кардан душвор аст. Интизор меравад, ки ин масъала дар сатҳи ҷумҳурӣ ва дар фурсатҳои наздик ҳаллу фасл мешавад. Ба ҳар сурат, умед аст, ки рӯзномаи “Овози тоҷик” муассиси ҳақиқии худро пайдо мекунад ва ба нашри худ муваффақона идома медиҳад.
Мирасрор Аҳроров,
хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд