1-уми ноябри соли 2017 дар роҳи нақлиётгарди Спитамен воситаи нақлиёти тамғаи «Опел-Астра» рақами қайди давлатиаш 83 75 ВО 2 РТ таҳти идораи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Х.У. барои гузаронидани муоинаи гумрукӣ боздошт карда шудааст, ки дар рафти муоинаи гумрукӣ дар дохили бордони он 1000 донна моеъи саршӯии (шампун) ғунҷоишаш 130 мл истеҳсоли Ҷумҳурии Ӯзбекистон дарёфт гардидааст.

Моли мазкур ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Т.Г. соли таваллудаш 1968, истиқоматкунандаи ноҳияи Спитамен тааллуқ доштааст. Ҳангоми пурсиш шаҳрванд Т.Г. қайд кардааст, ки дар ҳақиқат моли мазкур ба ӯ тааллуқ дошта, ин миқдор молро аз як шаҳрванди ношиноси ӯзбекзабон, ки онро бидуни назорати гумрукӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ноҳияи Спитамен ворид намудааст, харидааст.

Ҳамин тариқ, дар кирдори шаҳрванд Т.Г. нишонаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки дар моддаи 579-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, дида мешавад.

Дар асоси ин ва бо дастрасии моддаҳои 81, 82 ва 86-и Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нисбат ба шаҳрванд Т.Г. мутобиқи моддаи 597-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here