Дар пайи як тағйироти кадрӣ дар Вазорати фарҳанги кишвар сардабирони маҷаллаи ҳаҷвӣ-танқидии “”Хорпуштак” Ашрафи Афзал ва маҷаллаи кӯдаконаи “Чашма” Халифабобо Ҷумъаев иваз шуданд. Онҳо 5 соли охир дар симматҳояшон фаъолият доштанд. Ашрафи Афзал ва Ҷумъазода қаблан дар ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» ва нашрияи кӯдаконаи “Анбоз” фаъолият кардаанд.
Ёдовар мешавем, ки маҷаллаи ҳаҷвӣ-танқидии “Хорпуштак” аз соли 1926 ба нашр мерасад. “Хорпуштак” дар замони Иттиҳоди шӯравӣ, моҳе ду маротиба, дар ҳаҷми 12 саҳифаи ранга, бо тиражи зиёда аз 100 ҳазор нусха бо мусаввараҳои ҷолиби пурмазмун ба табъ мерасид. Маҷалла дар солҳои гуногун бо номҳои «Мулло Мушфиқӣ», «Калтак», «Бигиз», «Мушфиқӣ», «Хоҷа Насриддин» чоп шуда, аз соли 1953 номи «Хорпуштак»-ро гирифтааст.
Маҷаллаи кӯдаконаи “Чашма” соли 1986 бо ташаббуси адиб Камол Насрулло таъсис ёфтааст, ки номбурда то соли 2015 сардабири он буд. Тавре корманди маҷаллаи мазкур шоир Абдулвоҳиди Зевар гуфт, “Чашма”моҳнома буда, то имрӯз ягон маротиба аз фаъолият намондааст.