Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия истиқомату кор мекунанд, метавонанд ҳуҷчати ронандагии худро дар сафоратхонаи Тоҷикистон дар ФР бо намунаи нав иваз кунанд.

Муҳлати амали ҳуҷҷати нави ронандагӣ 10 сол аст ва бо он мешавад, ки дар ҳудуди 166 кишвари дунё ронандагӣ кард. Хадамоти консулгарии сафорати Тоҷикистон дар Русия аз 2-юми феврал ба иваз кардани ҳуҷчати ронандагии намунаи куҳна ба нав оғоз кардааст. Барои соҳиб шудан ба ҳуҷҷати намунаи нави биометрӣ шаҳрвандон бояд ба Хадамоти консулгарии сафорат ҳуҷҷати тиббӣ, нусхати паспорти хориҷӣ ё дохилӣ, ҳуҷчати ронандагии намунаи куҳна, расиди пардохти маблағ (100 доллар) пешниҳод кунанд. Муҳлати омода кардани ҳуҷчати нави ронандагӣ 14 рӯзи корӣ аст.

Бо ҳуҷҷати намунаи нав шаҳрвандон метавонанд, ки ҳамагӣ бо иҷрои се амал соҳиби ҳуҷчати ронандагии русӣ шаванд. Барои ин бояд имтиҳони назариявӣ супоранд, дар майдончаи санҷишӣ мошин ронанд, сипас дар шаҳр низ бо рондани мошин БДА-ро қонеъ кунанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here