Муовини раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадҷон Салимзода дар нишасти матбуотии ниҳодаш зикр кард, ки дар водии Зарафшони вилояти Суғд Раёсати махсуси наҷотдиҳандагонро фаъол кардаанд.

Ба гуфтаи ӯ дар асосаи барнома кумита дар шаҳру ноҳияҳои кишвар воҳиди штати дар соли 2019 то 2025-ум 25 нафар воҳиди корӣ афзуда, дар маҷмӯъ бояд 100 нафар воҳиди корӣ зиёд карда шавад.

Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми ноябри соли 2017 таҳти №541 сохтори Кумитаи Ҳолатҳои фавқулода  ва мудофиаи граждани назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра аз нав шудааст.

Дар бахшҳои ноҳияҳо 3-4-нафарӣ корманд зиёд карда шудааст. Ба ғайр аз ин, шумораи кормандони Раёсати махсуси наҷотдиҳандагон 42 нафар зиёд гардида, айни ҳол ба 80 нафар расидааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here