29-уми май раиси Иттиҳоди Аврупо Доналд Туск бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад ва бо президенти Тоҷикистон мулоқот карду аз кӯли Сарез дидан кард.

Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои байни Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои амниятӣ, аз ҷумла муборизаи муштарак бар зидди зуҳуроти терроризм, оқибатҳои талху марговари он, паҳншавии терроризму зуҳуроти экстремизм дар минтақа ва ҷаҳон, хатари гардиши ғайриқонуни маводи мухаддир ва қочоқи силоҳ муҳокима карда шуд.

Пас аз анҷоми мулоқот барои доираи васеъи хабарнигорони дохил ва хориҷ нишасти матбуотӣ баргузор шуд.

Доналд Туск дар доираи ин сафари худ аз кӯли Сарез дидан кард ва дар саҳифаи фейсбуки худ аксҳо аз ин сафар нашр кард. Дар пайнавишти ин аксҳо омадааст, ки «… 5 пирях нопадид шуда, сатҳи об боло меравад, тағйироти иқлим масъалаи ҷаҳонист, мо бояд бо он муборизаи муштарак барем”.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here