Бар асари садамаи нақлиётӣ дар пойтахт як зани сокини ноҳияи Вахш ба ҳалокат расидааст. Гунаҳкори ин садама Вазиров Ҳабибулло Зокирович будааст, ки бино ба маълумот фарзанди собиқ сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон, вазири собиқи Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии ҶТ марҳум Зокир Вазиров будааст.
11-уми декабри соли 2017, тахминан соати 22:45, ронандаи автомашинаи тамғаи “Тайота-Корола”, Вазиров Ҳабибулло Зокирович, соли таваллудаш 1979, сокини кӯчаи Рӯдакии пойтахт ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Қаҳҳоров ба самти кӯчаи Неъмат Қарабоев, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Каримова Меҳринисо Раҷабовна, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Вахшро пахш кардааст. Дар натиҷа пиёдагард, Каримова М. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.