Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе нафареро ҷустуҷӯ дорад, ки дар содир кардани “ҷинояти махсусан вазнини муқобили саломатии инсон равонагардида” гумонбар дониста мешавад.
Ин ниҳод аз гумонбаршуда Алиматов Акмал Оибхоҷаевич ном мебарад, ки 31-сола ва зодаи шаҳри Душанбе будааст. Акмал Алиматов қаблан ҷиноятҳои зеринро низ содир карда будааст:
– соли 2007 барои содир намудани ҷинояти авбошӣ (моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон);
– соли 2009 барои содир намудани ҷинояти убури ғайриқонунии сарҳад (моддаҳои 322 қисми 1, 30 қисми 3, 69 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия);
– соли 2010 барои содир намудани ҷиноятҳои вазнини авбошӣ ва ғоратгарӣ (моддаҳои 237 ва 248 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон);
– соли 2013 барои содир намудани ҷинояти такрории авбошӣ (моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон), ки дар умум 4 маротиба суд шуда, ҳамчун ҷинояткори касбӣ ва хавфнок ба ҳисоб меравад.
“Вобаста ба ин, мақомоти милитсияи пойтахт аз кулли шаҳрвандон хоҳиш менамояд, агар нисбати ин шаҳрванд ягон иттилое доранд, ба рақамҳои телефони боварии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе — 221-15-00 ва ё милитсияи маҳали зисти худ (02) хабар диҳанд”.
Ҳамчунин, гуфта мешавад, шаҳрвандоне, ки барои дастгир намудани ин ҷинояткори хавфнок мусоидат мекунанд, мукофотонида мешаванд.