Муфтиёти Тоҷикистон иди Фитрро рӯзи 5-уми июн эълон кард. Намози ид субҳи 5-уми июн соати 06:00 баргузор мешавад. Дар ин бора раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода эълон кард.  

Имрӯз 1-уми июн, ҷаласаи Шӯрои уламо баргузор гардид, ки дар он аз ҷониби муфтии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулкодирзода 5-уми июн рӯзи иди Фитр эълон гардид.

Шӯрои уламои Тоҷикстон ин рӯзро тибқи хулосаи Донишкадаи астрофизикаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст.

Ёдовар мешавем, ки моҳи Рамазон имсол аз рӯзи душанбеи 6-уми май оғоз шуд. Шӯрои уламои Тоҷикистон мувофиқи ҳисоби шаръӣ нисоби закот, садақаи фитр ва  фидяи савмро чунин муайян кард:

Закот аз 20000 сомонӣ 500 сомонӣ

Садақаи фитр 5 сомонӣ сари ҷон

Фидяи савм барои нафароне, ки узри шаръӣ (шайхи фонӣ) ба миқдори 300 сомонӣ барои 30 рӯз. Барои як рӯз 10 сомонӣ.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here