Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо мақсади таъмини шаффофият ва самаранокии истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати санҷиши фаъолияти молиявию хоҷагидории мақомот дархост кардааст.

Дар ин бора аз дафтари матбуоти раиси шањри Душанбе хабар доданд.

Дархости аввалини Рустами Эмомалӣ ҳамчун раиси шаҳри Душанбе аз ин Агентӣ охири моҳи январи соли гузашта садо дода буд.

Соли гузашта бо амри президент Агентии давлатии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсия истифодаи маблағҳои буҷуети ҷумҳурӣ ва пойтахтро, ки барои сохтмон дар шаҳри Душанбе ҷудо шуда буданд, санҷида буд. Он замон истифодаи маблағҳои буҷет дар 69 нуқтаҳои сохтшаванда ва бунёдшуда мавриди санҷиш қарор гирифта буд. Санҷиш нишон дода буд, ки дар кори ин нуқтаҳо 7,8 миллион сомонӣ изофанависӣ ҷой дорад. 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here