Мутахассиси маъруф Рустам Хоҷаев сармураббии дастаи футболи «Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таъйин шудааст. Дар ин бора Лигаи футболи Тоҷикистон хабар дод.
Рустам Хоҷаев, ки дар соли гузашта беҳтарин мураббӣ эълон шуд, дар мавсими 2017-ум бо дастаи «Хуҷанд» соҳиби медалҳои нуқраи чемпионат ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардида буд.
«Панҷшер» баъди 14 даври чемпионати имсола бо 11 имтиёз дар мақоми 7-ум аст ва ба ин даста тарки Лигаи олӣ таҳдид мекунад.
Рустам Хоҷаеви 45-сола дар вазифаи сармураббии «Панҷшер» 26-уми август аввалин бозиашро ба муқобили дастаи «Хуҷанд» мегузаронад.