Аввалин воксин бар зидди сирояти коронавируси COVID-19 дар Русия ба қайд гирифта шудааст, гуфт президенти Русия Владимир Путин. «То ҷое ки ман медонам, ин субҳ бори аввал дар ҷаҳон як воксин алайҳи сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст», — гуфт сарвари давлати Русия, рӯзи сешанбе, 11-уми август, дар мулоқот бо аъзои ҳукумат.
Президент қайд кард, ки воксин босамар кор мекунад ва ба шахсоне, ки эм шудаанд, иммунитети мӯътадилро ба COVID-19 фароҳам меораду оқибатҳои ҷиддие ба бор намеорад. Путин гуфт, аз яке аз духтаронаш, ки аллакай воксинҳои навро эм карда буд, дар аввал то 38 дараҷа таб кардаву баъд хуб шудааст.
Дар навбати худ, роҳбари Вазорати тандурустӣ Михаил Мурашко ба президент хабар дод, ки як гурӯҳи таҳиякунандагони воксин бар зидди COVID-19 аллакай патент барои ихтироъ гирифтаанд.
— Тибқи натиҷаҳои тадқиқотҳои клиникӣ, воксин самаранокӣ ва бехатарии баланд нишон дод. Ҳама ихтиёриён подтанҳои қавие бар зидди COVID-19 зоҳир кардаанд ва ин ҳам дар ҳоле, ки ҳеҷ кадоми онҳо мушкилоти ҷиддии эмкунӣ надоштанд, — гуфт вазир.
Дар Русия дар шабонарӯзи охир 4945 кас ба коронавирус мубтало шуда, шумораи умумии сироятёфтагон ба 897 599 тан расидааст. Дар як шабонарӯз 6494 нафар ва то имрӯз 703 175 бемор шифо ёфтаанд. Шабонрӯзи гузашта 130 нафар ба ҳалокат расидаанд, ки шумораи умумии ҳалокшудагон 15 131 нафар гуфта мешавад.
Шабонарӯзи охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 44 ҳолати нави сирояти COVID-19 ва 1 фавт ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Бино ба иттилои манбаъ, дар маҷмуъ сирояти коронавирус дар муддати аз 30-юми апрел то 11-уми август 7871 ҳолатро ташкил дода, 6653 (84,5%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта, бар асари он 63 нафар фавтидаанд.
Дар шабонарӯзи охир 95 нафар гумонбар ба сирояти ин вирус таҳти назорати табибон қарор дошта, 39 бемор баъд аз табобат аз муассисаҳо рухсат шудаанд.