Тибқи иттилои ИНТЕРФАКС шумораи сироятёфтагони коронавирус дар Федератсияи Русия дар муддати як рӯзи охир 11 ҳазору 656 нафар афзудааст.

То имрӯз дар ин кишвар 221 ҳазору 344 нафар ба коронавирус гирифторанд ва афзоиши рӯзона 5,6% -ро ташкил медиҳад. Имрӯз, 11-уми  май, Русия аз аз рӯи шумораи сироятёбӣ Британияи Кабир ва Италия  пеш гузаштааст.

Дар Маскав 1 ҳазору 79 ҳолати нави сироятёбӣ, дар Санкт-Петербург 307, дар вилояти Нижний Новгород  291 ҳолат ба қайд гирифта шудааст.

Шумораи умумии одамоне, ки аз ин беморӣ фавтидаанд ба 2 ҳазору 9 тан расидааст ва  давоми як рӯз 94 нафар ба ҳалокат расидаанд, ки 56 нафари онҳо дар  Маскав ҷон бохтаанд.

Теъдоди одамоне, ки аз коронавирус шифо ёфтаанд, ба 39 ҳазору 801 нафар расидааст, аз ҷумла 5 ҳазору 495 нафари онҳо тайи  24 соати охир шифо ёфтаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here