Вазорати мудофиаи Русия ду шаҳраки низомии пойгоҳи низомии 201-уми кишварашро ба ихтиёри Тоҷикистон месупорад. Дар ин бора, нашрияи “Известия” иттилоъ додааст.

Гуфта мешавад, ки ин ду шаҳраки низомӣ дар шаҳри Кӯлоб ва Бохтар фаъолият хоҳанд кард. Бино бар иттилои манбаъ, қарори мазкур ҳамчун ҷуброн барои ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон қабул шудааст.

Ҳамчунин, Вазорати мудофиаи Русия тасмим гирифтааст, шаҳраки низомии пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар шаҳри Кӯлоб ва Бохтарро ба таври ройгон ба Тоҷикистон супорад.

Ҷониби Русия ин иқдомро мусоидат ба раванди музокироти дӯстона миёни Тоҷикистону Русия унвон кардааст.

Тибқи шартномаи миёни Тоҷикистону Русия пойгоҳи мазкур  то соли 2042 дар Тоҷикистон ҷойгир хоҳад шуд. Айни замон ин пойгоҳ дар наздикиҳои Душанбе ва Бохтар ҷойгир шудааст.

Ёдрас мешавем, ки пойгоҳи низомии 201-уми Русия бузургтарин пойгоҳи низомии ин кишвар дар хориҷ аз он мебошад, ки ҳудуди 7 ҳазор низомиро дар бар мегирад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here