22 ва 23-юми октияри соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Симпозиуми байналмилалии илмӣ баргузор мегардад, ки дар он олимону донишмандон аз кишварҳои ҷаҳон иштирок ва суханронӣ хоҳанд кард.

Тавре котиби матбуотии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Машраби Абдулло ба faraj.tj гуфт,ҳамоиш бо суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз гардида чаҳор бахшро дар бар мегирад.

Бахши аввал дар мавзуи “Давлати Сомониён — падидаи беназири таърихӣ дар тамаддуни ҷаҳонӣ; бахши дуюм “Анъана ва меросбарии фарҳангӣ”; бахши дигар “Ҷашну оинҳои бостонӣ: авомили муҳими зиндагисоз ва баҳамоии инсонҳо”; ва бахши охир “Куруши Кабир — чеҳраи мондагори таърих” аст.

Ҳамчунин, ду китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо номҳои «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» ва «Куруши Кабир — Зулқарнайн» дар ҳамоиш рӯнамоӣ мешаванд.

Бино ба итиллои манбаъ иштирок дар ин ҳамоиш то суханронии президент  мувофиқа карда шуда аст, аммо пас аз суханронии Эмомалӣ Раҳмон иштирок дар ҳамоиш озод аст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here