Бо чунин унвон раиси Ҳизби сотсиал-демократии Точикистон Раҳматилло Зойиров дар саҳифаи фейсбукии худ аз баргузории Анҷумани ҳизб, ки ба масъалаи пешбарии намояндагони ҲСДТ ба парламент бахшида шуда буд, хабар дод.

Зойиров аз он иттилоъ дод, ки барои баргузории анҷуман макони мувофиқ пайдо накардаанд, чун соҳибони толорҳо бо далели ҷашни Соли нав банд будаанд. Як ошхона ҳам маблағи иҷораи зиёд талаб кардааст, аз ин рӯ тасмим гирифта шудааст, ки Анҷуман дар ҳавои кушоди назди бинои ҳизб бо ширкати 64 вакил баргузор гардад.

Бо овоздиҳии кушод 8 нафар ба рӯйхати ҳизбии ҲСДТ шомил карда шуданд:

Зойиров Р. — раиси ҲСДТ,

Ҳакимов Ш. — муовини аввал,

Самадова Д. ва Шоназарова Н., аз Хуҷанд ва Шаҳритус,

Насруллоев Б. –Истаравшан,

М. Одинаев – муовини раис аз Ҳисор,

К. Азизов — раиси ташкилоти ҷавонони ҲСДТ аз Варзоб,

Саидов М. – аз Кӯлоб пешниҳод гардидаанд.

«Ман бояд гӯям, ки Худо ба мо раҳмдил буд. Аз 1 январ то 4 январ борон меборид ва дар рӯзи Анҷумани ҲСДТ, аввалан хушк буд, сониян гарм ва офтобӣ буд ва сеюм, мо як оши палов (15 кг биринҷ ва 15 кг гӯшти интихобшуда, 25 кг сабзиии сурху ва зард бо ҳама ҳанутҳо ва хӯришҳо) омода кардем. Ҳамин тавр, Анҷумани ҲСДТ бомуваффақият гузашт… Ин рӯҳулқудси Анҷумани ҲСДТ буд!!!», — навиштааст Раҳматилло Зойиров.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here