«Ростони диёри бостон», китоби нави Нуралӣ Дӯсталиев, нависандаи муқими шаҳри Панҷакент, ба нашр расидааст, ки дар сохири соли 2017 аз чоп баромад.

Ин китоби тарҷумаҳолӣ буда, оид ба ҳаёту фаъолият ва рӯзгори  зодагон ва шахсони шинохтаи шаҳру деҳоти Панҷакент қисса мекунад.

Муаллифи китоби «Ростони диёри бостон» зиндагинома, ё тарҷумаи ҳоли зиёда аз 431 нафарро ҷамъоварӣ намуда, аз қаҳрамониҳои эшон ва хизмат ба халқу ватан қисса кардааст.

Қаблан ба ин монанд китоб, бо номи «Ахтарони қутбнамои Панҷакент» ба дасти чоп расида буд, ки дар он танҳо аз ҳаёту фаъолияти занони шинохтаи Панҷакент қисса мешуд.

Нурали Дӯсталиев чандин китобҳои дигар, аз қабили «Пайроҳаи зиндагӣ», «Се номбардор», «Шакаррез», «Ниҳоли пурсамар», «Марде аз табори равшанӣ» ва ғайра, ки дар бораи шахсони таърихӣ қисса мекунанд, навиштааст. Ӯ аъзои Иттифоқи журналистони Тоҷикистон буда, китоби мазкур 10-умин маҳсули қалами ӯ мебошад.

Китоб аз 511 саҳифа иборат буда, дар КВД «Матбаа» бо 500 нусха интишор гардидааст.

Хуршед Фозилов

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here