Федератсияи байналхалқии футбол (FIFA) ҳуҷумкунандаи дастаи мунтахаби футболи Португалия ва клуби футболи шоҳонаи «Реал Мадрид» (Испания) Криштиану Роналдуро футболбози беҳтарин ва сармураббии ин клуб Зайниддин Зиданро мураббии беҳтарини сол эълон кард. Маросими супоридани ҷоизаи FIFA дар Лондони Англия баргузор мешавад.

Криштиану Роналду дар мавсими 2016/17 чемпиони Ла Лигаи Испания, ғолиби Лигаи чемпионҳои Аврупо, ғолиби чемпионати ҷаҳон байни клубҳо, ҳамчунин, барандаи Суперҷоми Испания ва UEFA шуд. Португалӣ бо задани 12 гол дар 13 бозӣ нишонзани беҳтарини Лигаи чемпионҳои Аврупо гардид ва аз ҷониби Иттиҳоди ассотсиатсияҳои футболи Аврупо (UEFA) бозигари беҳтарини ин қитъа дониста шуд.

Роналду мавсими гузашта низ аз ҷониби FIFA беҳтарини футболбози ҷаҳон эълон шуда буд. Дар қатори португалӣ футболбози аргентинагӣ, ҳуҷумкунандаи клуби «Барселона»-и Испания Лионел Мессӣ, бразилӣ, форварди «Пари Сен-Жермен»-и Фаронса Неймар низ талабгори ин унвон буданд.

Унвони мураббии беҳтарин ба роҳбари «Реал» Зайниддин Зидан дода шуд. Ҷанлуиҷӣ Буффон аз «Ювентус» дарвозабони беҳтарин эълон гардид. Ҷоизаи Пушкаш барои голи зебо ба форварди «Арсенал» Оливйе Жиру насиб гардид.

Ҳуҷумкунандаи клуби «Словансо» аз Чехия Франсис Коне барои бозии содиқона соҳиби ҷоизаи FIFA шуд. Ӯ дар вақти бозӣ бо «Богемиас» ҳаёти дарвозабони ҳариф Мартин Берковесро наҷот дод. Дар дақиқаи 29-ум бозӣ ин дарвозабон ба муҳофизатгари дастаи худ бархӯрда, аз ҳуш рафт. Ӯ забони худро фурӯ бурданӣ буд, ки Коне ба ӯ ёрии аввалин расонд.

FIFA мухлисони клуби «Селта»-ро аз беҳтаринҳо донист. Онҳо барои амали диданиашон дар 50-солагии ғалабаи дастаашон дар Ҷоми чемпионҳои Аврупо соҳиби ин ҷоиза шуданд.

Ниммуҳофизатгари «Барселона» ва дастаи мунтахаби футболи Нидерландия Лика Мартенс футболбоззани беҳтарин дониста шуд. Мартенс аз тобистони соли гузашта дар ҳайати «Барселона» бозӣ мекунад. Ӯ дар ҳайтаи дастаи мунтахаби занҳои футболбози Нидерландия чемпиони Аврупо дар соли 2017 шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here