Аз ҳисоби Вазорати нақлиёти кишвар, мақомоти маҳаллӣ ва соҳибкорони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ роҳҳо бо харҷи беш аз 350 ҳазор сомонӣ аз таъмир бароварда шуданд.

Сардори Муассисаи давалтии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳияи мазкур Маҳмадшариф Салимзода иттилоъ дод, ки дар ҳафт моҳи соли равон аз ҳисоби Вазорати нақлиёт барои таъмири роҳҳои ноҳия наздики 100 ҳазор сомонӣ, аз буҷети мақомоти маҳаллӣ 24 ҳазор сомонӣ ва аз ҷониби соҳибкорону шахсони саховатманд  беш аз 200 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо шудааст.

Манбаъ гуфт, бо ин маблағҳо то қадри имкон роҳҳои ноҳияи таъмиру навсозӣ шуда, ҳоло корҳо дар ин самт идома доранд.

— Айни замон дар ноҳия 180,7 километр роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта ва 280 километри дигар роҳҳое мавҷуданд, ки дар тобеияти ҳеҷ корхонае нест ва вазъи онҳо барои рафтуомади воситаҳои нақлиёт мувофиқи мақсад намебошад, — илова кард ӯ.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here