Раҳбари Ҷумҳурии халқӣ-демократии Корея Ким Чен Ун машқҳои нерӯҳои ҳавоии кишварро назорат карда, ба омодагӣ ба ҷанг ишора кард. Дар ин бора рӯзи душанбе, 18 ноябр, Агентии марказии телеграфии Корея (АМТК) хабар дод.
Ҳангоми машқҳо Ким Чен Ун муҳимияти омодагии кишварро ба амалиёти ҷангӣ хотиррасон карда, қайд кардааст, ки машқҳоро бидуни огоҳӣ кардан зарур аст. «Ин имкон медиҳад, ки омодагии артиши мардуми Корея ба ҷанг беҳтар шавад», — таъкид кардааст раҳбари Кореяи Шимолӣ.
Дар охири моҳи октябр, Кореяи Шимолӣ дар баҳри байни нимҷазираи Корея ва Ҷопон ду мушак партофт. Снарядҳо аз вилояти Пхенан-Надо партоб шуданд ва дар берун аз минтақаи иқтисодии кишвар ба об афтоданд.
Қаблан раиси Ассамблеяи олии халқи ҶХДК Парк Тай Сонг гуфта буд, ки Иёлоти Муттаҳида ва Кореяи Ҷанубӣ бо амалҳои худ Пхенянро хашмгин мекунанд. Ба гуфтаи вай, Кореяи Шимолӣ барномаи сулҳомезро тарғиб мекунад ва мекӯшад, ки ба хатари ҷанг дар нимҷазираи Корея хотима бахшад.