28-уми августи соли 2017 бо ибтикори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорати Ҳиндустон дар Тоҷикистон ва Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустон дар Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо дуввумин лексияи ҷашнӣ дар мавзӯи “Ҳиндустону Тоҷикистон: 25 соли дӯстӣ” баргузор гардид.

Пеш аз оғози лексияи ҷашнӣ меҳмонон ва ҳозирин аз Осорхонаи бостоншиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан намуданд.

Сараввал, гардонандаи мизи гирд раиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустон Ҳабибулло Раҷабов баромад намуда, меҳмонон ва ҳозиринро аз номи ташкилкунандагони ҳамоиш хайрумақдам намуда, қайд кард, ки халқи тоҷику ҳинд таърихи дуру дарози муносибати дӯстона доштанд ва он то ба имрӯз идома дорад.

Баъдан, директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ниёзӣ Ёрмаҳмад Бобо баромад намуда, мардуми Ҳиндустон ва халқи тоҷикро ба муносибати 25-умин солгарди равобити ҳасанаи тоҷику ҳинд шодбош намуд. Ӯ инчунин қайд намуд, ки воқеан дар қатори он мамлакатҳое, ки алоқаҳои ҳамаҷониба бо онҳо барои рушду густариши ояндаи кишвари Тоҷикистон аҳамият дорад, мақоми Ҳиндустон бисёр назаррас аст. Ин кишвари ба мо дӯст аз рӯзҳои аввалини истиқлолияти Тоҷикистон ҷонибдории худро нисбати рушди сиёсӣ ва иқтисодии кишвари тоҷикон иброз намуд. Байни ин ду кишвар умумиятҳои зиёде вуҷуд доранд, ки онҳо ҳамчун омили манфиатҳои муштарак хизмат мекунанд. Махсусан, умумиятҳои нажодӣ, таърихӣ ва илмию фарҳангӣ аз назари ҳамкориҳои ду кишвар хеле муҳим мебошанд. Тоҷикон ва ҳиндуён ба тамаддуни ориёинажод мансубанд ва таърихи ҳамзистии чандинҳазорсолаашон бар алоқаҳои зичи гуногунҷабҳа, эҳтироми якдигар, эътирофи манфиатҳои тарафайн бунёд ёфтааст. Хусусан, қисмати шимолии Ҳиндустон, Афғонистони кунунӣ ва Варорӯд дар давраҳои гуногун узвҳои давлатҳои ягона ва империяҳои абарқудрат буданд. Дар ҳазорсолаи охир чунин пайвандҳо боз ҳам устувор шуданд.

Ниёзӣ Ёрмаҳмад Бобо илова намуд,ки беш аз 800 сол забони тоҷикии форсӣ ҳамчун забони коргузорӣ дар сарзамини Ҳиндустон мавриди истифода будааст. Тарзи талаффузи забони маъмултарини Ҳиндустон забони ҳиндустонӣ ва инчунин забони панҷобӣ аст, ки аз 40 то 50 фисади калимаҳо то ба имрӯз боқӣ мондаанд. Ба ғайр аз ин, дар ташаккули яке аз забонҳои Ҳиндустон дакхӣ, ки баъдан унвони забони урдуро гирифт, саҳми забони тоҷикӣ хеле зиёд аст. Чунин умумиятҳои илмию фарҳангӣ байни ду кишвар бешуморанд, ки барои ҳамкории пурсамари байни ду кишвар мусоидат хоҳанд кард.

Баъдан сафири Ҳиндустон дар Тоҷикистон Сомнатҳ Гҳош баромад намуда, қайд кард, ки ки муносибатҳои Ҳиндустону Тоҷикистон таърихан наздику самимианд: «Дар давоми солҳои зиёд ташрифҳои мунтазами роҳбарони давлатҳо ба густариш додани робитаҳо мусоидат мекунад».

Зимнан, академик Юсуфшоҳи Яъқубшоҳ дар мавзӯи «Доман задани буддизм аз ҳиндзамин ба тоҷикзамин» маъруза намуд. Ӯ аз ҷумла қайд намуд, ки моҳияти дини Буддо аз чор ҳақиқат: шинохти ранҷ, шинохти хостгоҳи ранҷ, шинохти раҳои аз ранҷ ва роҳҳое, ки аз ранҷ халос мешаванд иборат аст.

Баъди маърузаи Яъқубшоҳ байни ҳозирин суолу ҷавоб сурат гирифт ва номубрда ба суолҳои ҳозирин посухҳои мушаххас дод.

Дар охир, байни ҳозирин баҳси гарме сурат гирифт. Қайд карда шуд, ки баргузории ин чорабиниҳо имконият медиҳад, ки риштаи дустии халқҳои тоҷику ҳинд боз ҳам мустаҳкамтар ва таърихи дустии ин халқҳо рушантар гардад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here