Аз як марди 23-солаи сокини ноҳияи Хуросон рӯзи 31-уми октябри соли 2017, ҳангоми дар саҳни ҳавлии Коллеҷи энергетикии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ қарор доштанаш, шахсони номаълум 1 адад телефони мобилии тамғаи “Samsung Galaxy Grand”, ки 1500 сомонӣ арзиш доштааст, бо роҳи зӯрӣ гирифтаанд.

Аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонписари 19-солаи сокини ноҳияи ноҳияи Дӯстӣ, ду ноболиғи 15, 17-сола ва ду ҷавони 21 ва 23-солаи сокини ноҳияи Балхӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шуда, далели шайъӣ гирифта шудааст.

Ҳамин тариқ, номбурдагон худи ҳамон рӯз, ҳангоми дар саҳни ҳавлии Коллеҷи энергетикии ноҳияи мазкур қарор доштанашон бо роҳи зӯроварӣ аз дасти ноболиғ, писарбачаи 16-солаи сокини деҳаи Амонободи ноҳияи Балхӣ 1 адад телефони мобилии тамғаи “Samsung Galaxy”, ки арзишаш 1300 сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Далели шайъӣ гирифта шуда, аз рӯи ин ҳодисаҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидаааст.

Шахси номаълум  рӯзи 25-уми октябри соли 2017, тахминан соати 13:30 дар боғи фароғатии шаҳри Хоруғ бо роҳи зӯроварӣ аз дасти ҷавони 18-солаи зодаи ноҳияи Восеъ, донишҷӯи соли 1-уми Донишгоҳи давлатии Хоруғ, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри мазкур, 1 адад телефони мобилии тамғаи “Айфон-43”-ро, ки арзишаш 2500 сомонист, гирифтааст. Бо гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 19-солаи сокини шаҳри Хоруғ, ки пеш бо моддаҳои 110 қисми 2 ва 237 қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон айбдор дониста мешуд, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир карда шудааст. Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here