Ба гуфтаи як гуруҳ занони Роғун, ки дар маркази ин шаҳр зиндагӣ мекунанд, тӯли се моҳ аст, ки буридани дарахтон ғайриқонунӣ сурат мегирад ва то имрӯз ин ҳолат идома дорад.

Як гурӯҳ занони шаҳри Роғун, ки нахостанд номашон ифшо шавад, ба faraj.tj муроҷиат карда гуфтанд, ки буридани дарахтон се моҳ аст, ки идома меёбад ва касе ба додашон намерасад. “Аввал аз майдони варзишӣ, ки дар сояи дарахтон бачаҳо пас аз бозӣ куфти худро мебароварданду чорабиниҳо он ҷо мегузаронданд, буридани дарахтон шурӯъ шуд ва сабабашро васеъкунии майдон арзёбӣ карданд. Пас аз он ба буридани дарахтони мактабу боғчаҳо шурӯъ карданд”, — гуфтанд онҳо.

Ба гуфтаи ин гуруҳ занон вақте ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Роғун муроҷиат кардаанд, онҳо буридани дарахтонро садамавӣ арзёбӣ кардаанд. “Вақте сабаби асосии буридани дарахтонро аз намояндаи Кумитаи ҳифзи муҳити зист пурсон шудем, онҳо ин дарахтонро садамавӣ гуфтанд”.  

Онҳо мегӯянд, ҳатто як зани рус барои пешгирии ин кор ба худкушӣ даст заданӣ шудааст, ки ӯро дар ҷойи ҳодиса наҷот додаанд.

“Ҳамсоязани руси мо ҳангоми буридани дарахтон садо баланд кард, то набуранд, вале дид, ки онҳо корашонро идома медиҳанд, худро дар танаи дарахт ба дор овехтанӣ шуд. Вақте дарахтбурон ин ҳолатро диданд, зуд ба ёрӣ шитофтанд ва ӯро наҷот доданд”, — мегӯянд онҳо.  

Ба гуфтаи ин гуруҳи занон, маълум гардидааст, ки дарахтбурӣ дар Роғун ба тиҷорат табдил ёфтааст ва пас аз буридан дарахтон ба дигар минтақаҳо, аз ҷумла ба Ҳисор интиқол дода мешаванд.  

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here