Ректори Донишгоҳи техникӣ Одиназода Ҳайдар аз он нигаронӣ кард, ки вазорату корхонаҳои дахлдори соҳаи саноат ва технологияи навин барои ба ҷои кор таъмин кардани кадрҳои ин донишгоҳ беаҳамиятӣ зоҳир менамоянд. Ӯ ин нуқтаро имрӯз зимни нишасти хабарӣ иброз дошт.
“Вазорату корхонаҳои дахлдори соҳаи саноат ва технологияи навин барои ба ҷои кор таъмин намудани кадрҳои мо беаҳамиятӣ зоҳир мекунанд. Ҳангоми тақсимот мо ба онҳо кадрҳоро пешниҳод мекунем, вале онҳо хунукназарона амал мекунанд. Ин дар ҳолест, ки кадрҳои мо бозоргиранд, вале ҷомеа аз онҳо сарфи назар мекунад”, — гуфт ректор.
Ҳамзамон, ректор аз он нигаронӣ кард, ки донишҷуёне, ки тариқи квота донишгоҳро хатм кардаанд, аз ҷойи кор танқисӣ мекашанд. “Дар давоми 5 соли охир барои 54 нафар тариқи квота хатмкардагон мактуби раддияи ҳукумати ноҳия ба донишгоҳ ворид шудааст, ки аз онҳо 18 мактуб ба соли 2018 рост меояд, ки ташвишовар аст”, — афзуд ӯ.
Ба ақидаи ректор, вазорату корхонаҳое, ки бо квота сару кор доранд, оид ба тайёр намудани квота ба минтақаҳои гуногуни кишвар бояд аз рӯи мантиқ кор баранд. “Масалан он ихтисосе, ки дар он ноҳия ё минтақа ба кор намеравад, квота ҷудо накунанд. Сари ин масъала хусусан Вазорати иқтисод ва савдо ва Вазорати маориф ва илми кишвар андешаи дуруст кунанд”, — илова кард Одиназода.
Нурализода Шоҳмурод