— Дар донишгоҳ ҷиҳати пешгирии бемории сироятии Covid-19 тадбирҳои молиявӣ андешида шудаанд. Аз ҷумла, 60-70 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст, ки барои ҷалби мутахассисони соҳаи тиб ва харидани лавозимоти тиббӣ, корҳои безаргардонии биноҳо, хобгоҳҳо равона карда шудааст. Дар моҳҳои апрел-май 4 нафар устоди донишгоҳ бо илтиҳоби шуш фавтид. Донишгоҳ барои муолиҷаи устодон маблағ ҷудо мекунад,- гуфт ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Ҷамшед Ҷӯразода дирӯз зимни нишасти матбуотӣ.
Хабарнигорон савол доданд, ки дар сурати ба кор набарамодани хатмкунандагони буҷавӣ чӣ чора андешида мешавад? Дар ҷавоб ректор гуфт, ки тақсимоти роҳхатҳо идома дорад ва агар донишҷӯ саркашӣ намояд, ба суд муроҷиат карда мешавад. Дар ин сурат донишҷӯ дубора аз ҳисоби худ маблағи таҳсилашро пардохт мекунад.
Ҷамшед Ҷӯразода гуфт, ки 50 нафар ихтиёриён аз ҳисоби устодону донишҷӯён бо духтурон баромада дар тарғиботу ташвиқот ҳисса гузоштанд. Ин иқдоми онҳо арзандаи ситоиш аст.
— Навгонӣ дар донишгоҳ ин аст, ки имсол 7 ихтисоси нав ва ихтисосҳои ҳамгиро (донишҷӯ дар дараҷаи бакалавриат 5 сол мехонад, соҳиби 2 ихтисоси ба ҳам наздик мешавад) ҷорӣ мегарданд. 3 лабаратория барои фанҳои риёзӣ кушода шуд. 40 дастури таълимӣ ба нашр расид,- изҳор дошт ректори ДДХ.
Ӯ аз он нигаронӣ кард, ки давоми 5 сол фақат 1 нафар унвонҷӯ дар соҳаи физика рисолаи докторӣ ҳимоя кардаасту халос. Ректор арз дошт, ки дар соҳаи риёзӣ ва табиатшиносӣ кадрҳои соҳибзавқро гулчин карда истодаанд.