Хабарнигори faraj.tj дар хусуси паҳн кардани сели иттилооте, ки атрофи коронавирус шӯру ғавғо бармеангезонад, назари равоншинос Марям Давлатоваро пурсид.
Равоншинос мегӯяд, иттилоот дар бораи роҳҳои пешгирӣ албатта муфид аст, вале иттилооти тасдиқнашуда дар бораи гирифторони ин дард ҳеҷ манфиат надорад. Дар чунин маврид эҳтимолӣ будани хабарро ҳатман бояд таъкид намуд.
Марям Давлатова ба фаъолияти журналистон ишора карда гуфт, журналист бояд далелу бурҳони қотеъ дошта бошад, вагарна хабараш арзиши овозаро дорад.
Профессори ДМТ, журналисти собиқадор Ҷовид Муқим дар хусуси нашр кардан ё накардани иттилоот дар бораи коронавирус чунин ибрози назар кард: “Паҳн кардани ҳамаи маълумоте, ки аҳамияти ҷамъиятӣ дорад, зарур аст. Ҳамагон мехоҳанд дар ин бора маълумот дошта бошанд, зеро ба ҳаёти ҳар кас ва наздикони онҳо дахл дорад”.
— Мутаасифона, тарс инсонро осебпазир, яъне ҳассос ва зудбовар мекунад. Аз ин рӯ, ҳама гуна хабарро бетаҳлил қабул мекунад. Хабарҳои зиёди ихтилофангез майнаро гиҷ, инсонро изтиробзада мегардонанд. Ҳамаи ин боиси афсурдагӣ ва заъфи масунияти бадан ҳам шуда метавонад. Ҳоло хуб мешавад, ки нисбати хабарҳои носанҷида шаккок бошем, ё онҳоро аслан гӯш ҳам накунем, — тавсия медиҳад ӯ.