Коронавирус 40 ҳазор нафарро ба коми марг кашид. Овозаву воҳимаи он рӯз ба рӯз меафзояд, чун вирус ба мисли сели иттилоотӣ мағзҳоро бегумон  ғасб мекунад.  Равоншиноси шинохта Марям Давлатова ба саволи хабарнигори Faraj.tj дар хусуси бовар накардан ба иттилооти носаҳеҳ ибрози назар кард.

—  Пеш аз ҳама бояд дарк намоем, ки ба мо кадом намуди иттилоот лозим аст. Агар мо мутахассиси соҳа нестем, пас донистани чораҳои беҳдоштиву санитарии пешгирӣ комилан басанда аст. То ин дам бовар дорам, ки  ҳама инҳоро то андозае медонанд. Яъне, зарурати иттилооти иловагӣ нест. Дар сурати талаботи донистани иттилооти вижа танҳо аз  сарчашма — сомонаҳои муътамад, аз қабили  сомонаҳои вазоратҳои тандурустии ҳар кишвар, сарчашмаҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ истифода  бурдан маслиҳат аст. Дар ҳолати донистани воқеият овозаҳо камтар таъсир мерасонанд ва худи шумо ҳам иттилооти нодурустро паҳн намекунед, — гуфт хонум Давлатова.

Мутахассис иттилооти нодурустро ба вирус монанд мекунад: «Бояд бидонем, ки иттилооти нодуруст, овозаҳои воиҳмаангез низ чун вирус сирояткунанда ва зарарнок ҳастанд. Ҳоло дар баъзе кишварҳо барои чунин амал муҷозоти қонунӣ таъин шудааст, ки беасос нест».

— Воҳима дар вазъм кунунӣ хатар ба амнияти миллӣ ба ҳисоб меравад, зеро хараҷу мараҷ ва нооромии умумиро ба вуҷуд меоварад, — илова кард ӯ.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here