Рамзи ҷашни байналмиллалии Наврӯз-2018 дар Тоҷикистон аз ҷониби президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ карда шуд ва намунаи он дар вебгоҳи president.tj нашр гардид.

Рамзи мазкур намуди доирашакл дошта, дар мобайни он кураи замин ва дар атрофаш Парчами миллӣ ва пайки баҳор — суманак, парасту ва рангинкамон бо навиштаҷоти «Наврӯз-2018» бо забонҳои тоҷикӣ ва англисӣ инъикос ёфтааст.

Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, воситаҳои ахбори омма метавонанд аз рамзи Ҷашни байналмилалии «Наврӯз-2018» озодона истифода баранд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here