Дар шаҳри Тошканд ҷамъомади навбатии аъзои раёсати Маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шуд. Дар ин ҷамъомад масъалаҳои гуногун баррасӣ гардиданд. Аз ҷумла, иҷрои нақшаи соли гузашта, бурду бохтҳо ва вазифаҳои соли ҷорӣ ба таври васеъ муҳокима гардиданд. Гуфта шуд, ки танҳо дар давоми як соле, ки гузашт, маркази миллӣ-фарҳангӣ тавонист бештар аз чиҳил чорабинии фарҳангӣ баргузор намояд.

— Аввалин кори бузурге, ки аъзои нави раёсати маркази мо соли гузашта роҳандозӣ намуд, ташкили бузургдошти Хоҷа Камол буд, ки олимон, фозилон, шоирону нависандагон ва шефтагони ашъори ноби Камоли Хуҷандиро гирди ҳам овард. Ҳамчунин мо маросими муаррифии се куллиёти адиби бухороӣ Асад Гулзодаро ба таври васеъ баргузор кардем,-гуфт зимни ироаи гузориши солона раиси маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷаъфари Муҳаммад.

Вай афзуд, ки тоҷикони Ӯзбекистон аз рӯи нуфус баъди ӯзбекон дар ҷои дуюм қарор доранд. Ба гуфтаи Ҷаъфари Муҳаммад дар нӯҳ вилояти ин кишвар марказҳои миллӣ-фарҳангии тоҷикон фаъолият мекунанд, аммо наметавон гуфт, ки ин марказҳо дар як сатҳ корҳои худро хуб пеш мебаранд.

— Дар айни ҳол марказҳои фарҳангии тоҷикони вилоятҳои Ҷиззах, Сурхондарё, Самарқанд ва шаҳри Чирчиқи вилояти Тошканд дар сафи пеш қарор доранд. Ин марказҳо бо пиёда кардани чорабиниҳои зиёди фарҳангӣ ва шаби шеъру суруд шӯҳрати тоҷиконро дар ин вилояту шаҳрҳо хеле баланд бардоштанд,-тазаккур дод Ҷаъфари Муҳаммад.

Раиси маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикон иброз дошт, ки мақомоти Кумитаи муносибатҳои байналмилалӣ ва робитаҳо бо кишварҳои хориҷии назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба маркази онҳо ҳамеша таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд. Ҷаъфари Муҳаммад гуфт, ки соли гузашта як грант ба миқдори сӣ миллион сӯм тақдим намуданд, ки тавассути он нашри якчанд китобу маҷмӯаҳоро ба роҳ монданд ва чорабиниҳои фарҳангӣ баргузор карданд.

— Яке аз ин китобҳои нашршуда рисолаи “Забон ва сухан”-и донишманди муосири тоҷик Муҳаммад Шоҳмуродзода мебошад, ки дар нашриёти “Янги нашр” ба теъдодит 1000 нусха ба табъ расидааст. Ин рисола аз ду боб — “Ҷойгоҳи сухан” ва “Омӯзаҳои ахлоқ ва одоб” иборат аст. Он як рисолаи илмӣ-оммавӣ мебошад, ки барои хонандагони имрӯз ва шефтагони шеъри ноби форсӣ ашъори Мавлавӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, рубоиёти Хайёми Нишопурӣ, ҳамчунин масъалаҳои ҳифзи забони форсӣ ва  ривоятҳои зиёдро низ гирдоварӣ ва тақдим намудааст, — гуфт Ҷаъфари Муҳаммад.

Раиси маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони шаҳри Чирчиқи вилояти Тошканд -“Суғдиён” Орзугул Абдураҳмонова зимни суханронӣ иброз намуд, ки дар як соли охир бо ташаббуси онҳо чорабиниҳои зиёде дар мактабҳои шаҳри Чирчиқ, донишгоҳи омӯзгорӣ ва ҷамоатҳои шаҳрвандии он баргузор гардиданд. Ин чорабиниҳо дар боло рафтани ҳуввияти миллии мардуми зиёти тоҷиктабори шаҳри Чирчиқ мусоидат намуданд.

— Чорабинии аз ҳама калони мо бахшида ба иди “Наврӯзи Аҷам” буд, ки дар он 350 нафар сокини шаҳри Чирчиқ ва меҳмонони зиёд аз шаҳри Тошканд ва ноҳияҳои ҳамҷавори он ширкат карданд. Рақсу тарона ва шеърхонӣ ба ҳам омезиш ёфт ва шӯру валвалаи хурсандиву нишотро барпо кард, ки хеле хотирмон буд, — гуфт Орзугул Абдураҳмонова.

Дар ҷамъомад як гурӯҳ сокини деҳаҳои тоҷикнишини ноҳияи Пискети вилояти Тошканд ширкат карданд. Онҳо ба раёсати маркази фарҳангии тоҷикони ҷумҳурӣ пешниҳод карданд, ки филиали маркази тоҷиконро дар ин ноҳия таъсис доданианд. Ин пешниҳоди онҳо аз тарафи аъзои раёсати маркази фарҳангии тоҷикони ҷумҳурӣ пазируфта шуд. Ба  маркази ноҳияи Пискент Абдулло Пӯлодов ба ҳайси раис  тасдиқ гардид.

Ҳамчунин, аъзои раёсати маркази фарҳангии тоҷикони ҷумҳурӣ аризаи як гурӯҳ сокинони ноҳияи Деҳқонободи вилояти Қашқадарё дар бораи таъсиси маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони ин ноҳияро таҳти баррасӣ қарор доданд. Қарор аст, ки баъди расмӣ кардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ дар ин ноҳия низ як бахши маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъсис меёбад.

Гуфта шуд, ки яке аз фарҳангсолорони тоҷики деҳқонободӣ Карим Тошқулов раисии ин марказро бар дӯш хоҳад дошт.

29 январи соли ҷорӣ маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони Ҷумҳурии Ӯзбекистон маҳфили “Рӯдакихонӣ”-ро роҳандозӣ мекунад. Интизор меравад, ки ин маҳфил бо ширкати меҳмонони зиёд баргузор хоҳад шуд. Ба гуфтаи дастандаркорони маҳфил ҳар як иштироккунандаи он метавонад аз осори Рӯдакии Самарқандӣ шеъру ғазалҳо ва рубоиҳои дилхоҳашро қироат намояд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here