Раиси кумитаи иҷроия – дабири иҷроияи Иттиҳоди давлатҳои мустақил (ИДМ) Сергей Лебедев хабар дод, ки раёсати ин ниҳод соли оянда ба дасти Тоҷикистон мегузарад ва Ӯзбекистон хостори дар соли 2020 ба даст гирифтани ҷилави раёсати ИДМ-ро дорад. Ин ҳам дар ҳолест, ки овозаи аз ин созмон берун рафтани Украина шунида мешавад.
Лебедев изҳор доштааст, ки президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бар омодагии Тошканд барои раёсати ҷомеаи кишварҳои мустақили муштаракулманофеъ таъкид кардааст.
Ӯзбекистон омодааст пас аз Туркманистон дар соли 2020 раёсати ҷомеаи кишварҳои мустақили муштаракулманофеъро қабул ва нишастҳои ин созмонро баргузор кунад.
Дар соли 2017 раёсати Иттиҳоди давлатҳои мустақилро Русия бар ӯҳда дорад. Тоҷикистон раёсати ҷомеаи кишварҳои мустақили муштаракулманофеъро дар соли 2018 ва Туркманистон дар соли 2019 бар ӯҳда хоҳанд гирифт.
Иттиҳоди давлатҳои мустақили муштаракулманофеъ пас аз фурӯпошии Шӯравӣ созмон дода шуд. Баёнияи таъсис ин созмон 21 декабри соли 1991 дар Алмаато аз ҷониби роҳбарони Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Украина имзо шуда буд.
Узвияти Гурҷистон дар ин ҷомеа ба думболи тасмими расмии президентҳои кишварҳои узв дар 3 декабри 1993 ва ба думболи дархости президенти ин кишвар Эдуард Шеварнадзе 8 октябри 1993 сурат гирифт.
Дар ин охир овозаҳо ҳаст, ки Украина барои берун рафтан аз узвияти ин созмон иқдом кардааст, аммо то ҳол иттилои расмии дар ин бора нест.