Имрӯз бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раисони чор ноҳия – Фирдавсӣ, Қубодиён, Мастчоҳ ва Шуғнон иваз шуданд.

Файзулозода Зафар, раиси ноҳияи Қубодиён, бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифа озод шуд. Гуфта мешавад, ки ӯ аз Ҳизби халқии демократи Тоҷикистон номзад ба вакили парлумон пешбарӣ шудааст. Ба ҷойи Файзулозода Зафар раиси ноҳияи Қубодиён Садриддинзода Бадриддин Талбак раиси нави ин ноҳия таъйин шудааст.

Ҳамчунин, Азиззода Тоҳир Мирзораҳмат иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд шуд, ки дар ин вазифа Азиззода Ғайрат Мулломаҳмадро иваз кардааст. Ба ҷойи Гиёзода Азиз Қодир, ки дар вазифаи раиси ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кор мекард, Ҷумъазода Ҷумъа Шофақир иҷрокунандаи ин вазифа таъйин шудааст. Усмонзода Фатҳиддин Бадриддин иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе таъйин шуда, раиси пешини ин ноҳия Юсуфӣ Муҳаммадраҳим ба кори дигар гузаштааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here