Абдуалим Исмоилзода аз вазифаи раиси шаҳри Бохтар  барканор шуда, ба ҷойи ӯ раиси пешини шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоҳиддин таъйин шудааст.

Як манбаъ аз ҳукумати шаҳри Бохтар ин хабаро тасдиқ карда гуфт,  бо фармони Президенти кишвар раиси шаҳри Бохтар Абдуалим Исомилзода аз вазифа барканор шуд. Абдуалим Исмоилзода  аз моҳи сентябри соли 2017 раиси шаҳри Бохтар таъйин шуда буд. Пеш аз ин ӯ дар вазифаҳои раиси ноҳияи Кушониён ва Шаҳритуз низ адои вазифа  кардааст. Минбаъд ӯ дар вазифаи муовини раиси вилояти Хатлон кор хоҳад кард.

Ба ҷойи Абдуалим Исмоилзода раиси шаҳри Исфара Саломзода Сиҷоҳиддин раиси шаҳри Бохтар таъйин шудааст.

Дар акс Абдуалим Исмоилзода

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here