Имрӯз президент Эмомалӣ Раҳмон пас аз судури амрҳо ва ба тасвиб расонидани як қатор қарорҳои тағйироти кадрӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олӣ пешниҳод кардааст, ки Ҳамрализода Фаррух Маҳмудро аз вазифааш озод кунанд.

Дар ин пешниҳод гуфта мешавад, ки мутобиқи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол мегардад.

Ҳамрализода Фаррух Маҳмуд бо фармони президент раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ таъйин шуд. Ҳамрализода қаблан низ дар ин вазифа кор карда буд.

 

 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here