Иҷрокунандаи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, баъди ба ин мансаб таъин гардиданаш, аввалин мулоқоти худро санаи 24-уми январи соли 2018, бо сокинони шаҳру деҳоти Панҷакент оғоз намуд.

Қабули шаҳрвандон аз тарафи Раҷаббой Аҳмадзода соати 9-и санаи 24-ум оғоз гардида, то соати 14-и нисфирӯзӣ идома ёфт. Сокинони шаҳру деҳоти Панҷакент бо масъалаҳои гунони вобаста ба замин, сохтани мактабу синфхонаҳо, таъмири роҳ, норасоии об, ёриҳои иҷтимоӣ, мусоидат барои гирифтани пасандозҳо аз бонкҳои муфлисшуда ва дигар проблемаҳо муроҷиат намуданд.

Дар охир Раҷаббой Аҳмадзода иттилоъ дод, ки 125 нафар сокини шаҳру деҳоти Панҷакентро қабул карда, проблема, дархост ва пешниҳоду хоҳишҳояшонро шунида, барои баррасӣ ва ҳалу фасли онҳо ба масъулин супориш додааст.

Пас аз қабули шаҳрвандон, иҷрокунандаи раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз обеъктҳои ҷашнӣ дидан намуда, чанд нафар аз собиқадорони меҳнатро аёдат кард.

Хуршед Фозилов

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here