Раиси Кумитаи давлатии гумруки Ӯзбекистон аз мақомаш барканор шуд. Ӯ қаблан роҳбари муҳофизони президенти пешини ин кишвар Ислом Каримов буд.

Муидҷон Тоҳирии 54-сола, раиси Кумитаи гумруки Ӯзбекистон рӯзи сешанбе аз мақом барканор шудааст.

Муродҷон Азимов, ки иҷрокунандаи вазифаи прокурори генералии Ӯзбекистон буд, раиси Кумитаи гумрук таъйин шуд.

Ивазшавии роҳбари Кумитаи гумруки ин кишвар дар ҳоле сурат мегирад, ки дар кумитаҳои андоз ва гумруки Ӯзбекистон санҷиши густарда дар ҷараён аст. 13 феврал бархе аз манбаъҳои огоҳ гуфтанд, дар ин ду кумита ҳуҷҷатҳои зиёде пайдо шудааст, ки аз қонуншиканиҳои андозу гумрук шаҳодат медиҳанд.

Муидҷон Тоҳирӣ моҳи декабри соли 2016 роҳбари Кумитаи гумруки Ӯзбекистон таъйин шуда буд. Вай дар солҳои 2006-2008 ва аз соли 2011 то 2016 муовини раиси Хадамоти амнияти миллии кишвараш буд.

Дар акс раиси нави Кумитаи гумрук Муродҷон Азимов

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here