Тавре нозирони байналмилалӣ мегӯянд, баргузор шудани интихоботҳо таҳти шиори “Ӯзбекистони нав-интихоботҳои нав” худ як падидаест, ки аз чӣ гуна сурат гирифтани интихоботҳои дпр пешистода бозгӯӣ мекунад. Аз ҷумла, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Тавар Худоёрзода, ки ба ҳайси нозири байналмилалӣ дар интихоботҳои Ӯзбекистон ширкат мекунад, ба ҳамин назар аст.

Ба гуфтаи ӯ ин маъракаи сиёсӣ дар ҳамаи кишварҳо сарнавиштсоз аст ва аз ин раванд Тоҷикистон низ дар канор намебошад. Бахтиёр Тавар Худоёрзода мегӯяд,  ҳусни таваҷҷӯҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба интихоботҳои Ӯзбекистон хеле зиёд аст.

— Ҳоло мебинем, ки дар Ӯзбекистон ислоҳоти доманфарох пиёда мешаванд. Аз диду боздидҳои мо ҳамин нукта аён гардид, ки Ӯзбекистон ба интихоботҳои парлумонӣ ва ниҳодҳои маҳаллӣ омодагии хуб гирифтааст.  Бовар дорам, ки ин маъракаи муҳими сиёсиро кишвари ҳамҷавори мо муваффақона пушти сар мекунад, — изҳор кард Бахтиёр Тавар Худоёрзода.

Нозири байналмилалӣ аз Британияи Кабир Алан Дункан мегӯяд, ки дар кишвараш чанде муқаддам интихоботҳо баргузор шуданд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ медонад, ки ин интихоботҳо чӣ гуна баргузор гардиданд. Яъне, Британия низ дар баргузории интихоботҳо мукаммал нест ва баъзе нуқсонҳо дар ин кишвар низ ҷой дорад.

— Ман ҳамеша ба як нукта таваҷҷӯҳро тамаркуз медиҳам ва мегӯям, ки демократия танҳо аз интихоботҳо иборат нест ва ҳокимияти халқ низ ҷавобгарии худро комил бояд эҳсос кунад. Ҳар як кишвар сохтору низоми хоси худро дорад. Барои ҳамин ҳаргиз нахоҳам гуфт, ки дар мо ҳама чиз беҳтар аст ва дар Ӯзбекистон чунин нест.  Бубинед, ки дар Ӯзбекистон ба озодии баён хеле пешрафт кардааст,-гуфт ба мухбири “Фараж” Алан Дункан.

Вай боз тазаккур дод, ки тафсиру таҳлили Созмони амният ва ҳамкории Аврупоро хонда баромад ва дар он низ эътироф шудааст, ки Ӯзбекистон ҷиҳати баргузор намудани интихоботҳо хеле пешрафт намудааст. Алан Дункан мегӯяд, дар Британия низ номзадҳо ваъдаҳо медиҳанд, вале ба ақидаи вай агар аҳзоби сиёсӣ аз ваъдадиҳиҳо парҳез кунанд, ин хеле хуб ва ба манфиати кор аст.

— Ҳама медонад, ки дар ягон кишвар интихоботҳои идеалӣ баргузор кардан имконнопазир аст. Бо вуҷуди ин мо саъйу кӯшиши беш ба харҷ медиҳем, ки ин бор ба ҷомеаи ҷаҳонӣ дигаргуниҳои куллӣ дар Ӯзбекистонро нишон диҳем.  Мо барои ҳамин ба созмонҳои зиёди ҷаҳонӣ ҷиҳати назорати интихоботҳои мо даъватномаҳо фиристодем. Ҳоло нозирони хеле зиёд ба Ӯзбекистон меоянд. Ростӣ, ки  чунин теъдоди нозиронро қаблан интихоботҳои мо дар ёд надорад,-мегӯяд ба мо ноиби раиси Комиссияи марказии интихоботи Ӯзбекистон Маҳмудҷон Истамов.

Ба гуфтаи мавсуф барои барои назорати интихоботҳои Ӯзбекистон 825 нафар нозирон соҳиби мандат шуданд. Ҳамчунин 131 нафар хабарнигорони хориҷӣ дар КМИ сабти ном шуданд, ки раванди интихоботҳоро баррасӣ мекунанд. Гуфта мешавад, қаблан дафтари матбуоти КМИ Ӯзбекистон дар бораи ширкати нозирони 8 созмони байналмилалӣ иттилоъ дода буд ва ҳоло ин рақам ба 9-то расидааст.

— Мувофиқи қарори ҳафзаҳои интихоботӣ аз 12 то 18 декабр тарзи пешакии овоздиҳӣ гузаронида шуд. Дар он дар дохили кишвар 59 ҳазору 226 нафар ва дар хориҷи кишвар 89 ҳазору 807 нафар ба назди қуттиҳои овоздиҳӣ ҳозир шуданд ва ба тарафдории номзадҳои интихобкардаашон овоз доданд. Ин ҳолат низ бори нахуст дар интихоботҳои мо ба мушоҳида мерасад. Теъдоди одамоне, ки рӯзи якшанбеи оянда ба далели ягон кор ҷои зисташонро тарк мекунанд ва шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки дар хориҷа машғули кор ҳастанд, аз ин тариқ аз ҳуқуқи конститутсионии худ истифода намуданд,-мегӯяд Маҳмудҷон Истамов.

Дар миён боз бештар аз як рӯзи дигар мондааст, ки дар Ӯзбекистон интихоботҳои депутатҳои Палатаи қонунбарори Олий Маҷлис ва шӯроҳои ниҳодҳои маҳаллӣ баргузор гарданд. Бо иқдоми дафтари матбуоти Комиссияи марказии интихобот рӯзмарра нишастҳои хабарӣ таъсис меёбанд ва ин нишастҳои хабарӣ мустақиман аз тариқи шабакаҳои давлативу ғайридавлатии Ӯзбекистон намоиш дода мешаванд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here