Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов  аз ҳавзаи интихоботи бисёрмандатии ВМКБ  №1 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Масъалаҳои бақайдгирӣ ва тасдиқи ваколати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази узви хориҷшуда аз ҳавзаи интихоботи бисёрмандатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1  дар ҷаласае, ки дирӯз дар Душанбе таҳти роҳбарии раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон (КМИР)  Бахтиёр Худоёрзода  доир гардид, баррасӣ шуданд.

КМИР тибқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва протоколи ҷамъбасти натиҷаи интихобот дар ҳавзаи интихоботи бисёрмандатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1 интихоботи мазкурро баргузоргардида ҳисобида, Ёдгор  Файзовро бо гирифтани аксарияти овозҳои вакилони интихобкунандаи маҷлисҳои вакилони халқи ВМКБ ва шаҳру ноҳияҳои он узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихобгардида ҳисобида, ба қайд гирифт ва ваколати ӯро тасдиқ кард.

Ёдгор Файзов раиси ВМКБ аст, ки дар пайи як танқиди шадиди президенти аз кори мақомоти ин вилоят ва барканор шудани раиси пешин, охирҳои соли гузашта ба ин вазифа таъйин гардид ва чанд пеш аз ҷониби маҷлиси вакилони халқи ВМКБ якдилона ба ин мансаб лоиқ дониста шуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here