Дар деҳаи Ҷӯйбори ҷамоати деҳоти Қумсангири ноҳияи Ҷайҳун аз ҳисоби заҳкаше, ки оби замин ба он мерехт, ба сокинон қитъаи замин барои сохтмон дода шудаст.

Раиси ноҳияи мазкур Одиназода Абдулҳафиз дар нишасти хабарӣ гуфт, дар ҳақиқат ин заҳбур ба сокинон дода шудаст ва ин пеш аз омадани ӯ ба ин ноҳия тақсим шудааст.

Ҷаноби раис афзуд, ки худаш ба онҷо рафтааст, маълум шудааст, ки замин дар асосии хулосаи тамоми сохторҳое, ки ба тақсими қитъаҳои замин машғуланд, ба сокинон дода шудаст. Ин замин аз гардиши кишоварзӣ бурунмонда аст.

Аммо масъулони ноҳияи ба суоле, ки ин заҳкаш ба чанд нафар шаҳрванд тақсим карда шудаст, маълумоти аниқ дода натавонистанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here