Раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон Насриддинзода Муқим Теша барои талаб ва гирифтани пора тавассути миёнарав боздошт шудааст.

Дар ин бора Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррпусия хабар дода, мегӯяд, «боздоштшуда замони дар вазифаи раиси Кумитаи идораи замини ноҳияи мазкур фаъолият карданаш, давоми моҳи марти соли 2019 ба воситаи миёнарав Табаров Наврӯзбек Имомуддинович аз шаҳрванд “А” дар се ҳолат маблағи 600 доллар ва 500 сомонӣ ҳамчун пора гирифта, вобаста ба қудрати мавқеи мансабиаш барои ба охирин ҷудо карда додани 0,06 га қитъаи замини наздиҳавлигӣ мусоидат кардааст».

Манбаъ мегӯяд, Насриддинзода С. А. масоҳати 0,06 га қитъаи заминро  аз ҳудуди заминҳои деҳаи Бандари ҷамоати деҳоти Қизилқалъаи ноҳияи Хуросон ҷудо карда, барои хизматаш дар умум 12 500 доллар талаб кардааст.

«Оид ба ин ҳолат 19 апрели соли 2019 нисбати Насриддинзода М.Т. бо моддаи 319 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Табаров Н.И., бо моддаҳои 36 қисми 5, ва 319 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парванда оғоз карда шуда, худи ҳамон рӯз зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ миёнарав Табарова Н.И. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани 6000 сомонии маблағи боқимонда дастгир гардида, маблағҳои мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ гирифта шуданд».

Айни замон тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбати шахсони зикршуда идома дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here