Радиои Хатлон аз 1-уми сентябри соли равон, баъди 43 соли фаъолият, вақти эфирро дар ҳаҷми 24 соат ба роҳ монд, ки аз ин 12 соати вақти барномаҳоро оригиналӣ ва соатҳои боқимондаро барномаҳои такрорӣ ташкил мекунанд.

Радиои Хатлон соли 2016 чор соат, соли 2019 дар ҳаҷми ҳашт соат барномаҳои худро пешниҳод мекард.

— Таҷҳизоти техникие, ки алҳол истифода мебарем, дар ҳолати хуби корӣ қарор доранд. Бо вуҷуди ин, барои бидуни мушкил сабт ва пахш кардани барномаҳо роҳбарияти идора тасмим гирифтааст, ки то ҳадди имкон васоити нави техникӣ муҳайё созад, — гуфт сармуҳаррири радио Сурайё Мерганова.

Аз мактаби радиои Хатлон шогирдони зиёде омӯзиши касб гирифта, дар рушди соҳаи журналистика саҳм мегузоранд.

Ба қавли мутасаддиён, дар фаъолияти ин ниҳод танҳо як мушкили ҷиддии ҳалношуда боқӣ мондааст, ки ин норасоии мавҷ аст. Аҳли эҷод умед мебандад, ки бо кумаки масъулони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ва роҳбарияти вилоят ин ноҷӯрӣ низ ҳалли худро пайдо мекунад.

Рӯйдоди мазкур аҳли эҷоди ин шабакаро рӯҳбаланд карда, он тариқи мавҷи 101,3 FM шунида мешавад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here