Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон овозаҳо дар бораи беэътибор шудани рақамҳои қайди давлатии чоррақамаро беасос хонд, аммо ҷорӣ шудани рақамҳои қайди давлатии серақамро инкор ҳам накард.

Дар эъломияи ин ниҳод шуфта мешавад, ки инобар норасоии рақамҳои бақайдгирии давлатӣ барои автомобилҳои сабукрав, боркаш, мусофиркаш ва автобусҳои шахсони воқеӣ, Раёсати бозрасии давлатии автомобили Вазорати корҳои дохилӣ мутобиқи моддаи 11, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи стандартонӣ» аз 29 декабри соли 2010, №668 ба унвони Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод дар бораи илова ба СТ ҶТ 1020-2013 «Аломатҳои қайди давлатии воситаҳои нақлиёт», «Намуд ва андозаи асосӣ», ва «Талаботи техникӣ»-ро таҳия намуда, пешниҳод кардааст.

Гуфта мешавад, ки айни замон дар воҳидҳои бақайдгирию имтиҳонотии Бозрасии давлатии автомобилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаҳои нақлиёт рақамҳои бақайдгирии давлатии намуди «1А» (чоррақама), ки пештар дода мешуд, дода мешавад. Рақамҳои қайди давлатии намуди нав ҳоло ҷорӣ нашудаанд.

Новобаста дар оянда ҷорӣ гардидани рақамҳои қайди давлатии намуди «1А/1», (серақама) эътиборнокии рақамҳои қайди давлатии амалкунанда идома меёбад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here