Суди ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек рӯзноманигори қирғиз Зулфиқор Сапановро дар барангехтани адовати миллӣ айбдор эълон ва чор сол аз озодӣ маҳрум кард. Дар ин бора ҳамсари рӯзноманигор Гулбарчин Иброева ба расонаҳои дохилии ин кишвар иттилоъ додааст.

Мурофиаи нахустини Сапанов 5 июли соли равон баргузор гардида, айбдоркунандаи давлатӣ барои ӯ 6 соли зиндонро талаб карда буд. Ба гуфтаи Иброева, онҳо тасмим доранд, аз болои ин ҳукм ба суди шаҳрии Бишкек шикоят баранд.

Сапанов соли 2016 китоберо зери унвони “Кидир санжираси” чоп кард, ки вокунишҳоеро ба бор овард. Намояндагони як қатор созмонҳои динӣ ба Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон муроҷиат карда, хостанд, ки зидди рӯзноманигор чора андешида шавад.

Раҳбари созмони ҷамъиятии “Акил эс, Ийман” Дуйшен Абдилдаев, руҳонӣ Қодир Маликов ва вакили пешини парламенти Қирғизистон Турсунбой Боқируғлу моҳи феврали соли 2016 дар як нишасти хабарӣ дар бораи китоби Сапанов изҳори назар карданд.

Маликов гуфтааст, “ин лоиҳаест, ки барои ангехтани бадбинии динӣ равона шудааст ва мақомоти қудратии Қирғизистон бояд муайян кунанд, ки пушти он кӣ меистад”. Худи муаллиф мегӯяд, дар китоби ӯ ҳеч гуна даъват зидди диндорон сурат нагирифтааст. Ба гуфтаи рӯзноманигор, китоби ӯро ҳатто коршиносони мустақил ташхис накардаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here