Президенти Русия Владимир Путин бо ҳузур дар ҷамъи беш аз 1600 хабарнигор аз саросари ҷаҳон дар остонаи интихоботи президентии Русия ба саволҳои онҳо посух дод. Вай дар ин конфронс хабаре таъкид кард, ки Америка қасдан террористҳоро ҳадаф қарор намедиҳад, то баъдан аз онҳо барои таъмини ҳадафҳои худ истифода кунад.

Сездаҳумин конфронси хабарии солонаи президенти Русия Владимир Путин панҷшнбеи 14 декабр баргузор шуд. Чунин конфронс ҳар сол дар охирин рӯзҳои поёни сол дар моҳи декабр баргузор мешавад, ки шумораи бисёр зиёде аз хабарнигорони дохилӣ ва хориҷӣ дар он ширкат мекунанд. Дар соли ҷорӣ беш аз 1 600 хабарнигори рус ва ҳамчунин хабарнигорони хориҷӣ барои ширкат дар ин маросим сабти ном карда буданд. Хабарнигороне аз Америка, Олмон, Япония, Фаронса, Чин, Лаҳистон ва бисёре кишварҳои дигар имсол дар ин маросим ширкат карданд. Ин конфронс се соату чил дақиқа тӯл кашид.

Номзади худпешбар

Нахустин пурсише, ки аз президенти Русия матраҳ шуд, ин буд, ки чаро вай қасд дорад боз ҳам барои интихоботи президентӣ дар ин кишвар номзад шавад. Президенти Русия дар посух ба ин савол бо эъломи қисме аз ҳадафҳояш дар ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми Русия таъкид кард, ки ҳамакунун замони муносибе барои пардохтан ба шиорҳои интихоботӣ нест ва мехоҳад ба унвони як номзади мустақил дар интихобот ширкат кунад.

Ду буҳрон ва «шок»и иқтисодӣ

Президенти Русия дар посух ба саволи дигаре дар бораи мушкилоти иқтисодие, ки Русия бо онҳо мувоҷеҳ аст, гуфт: «Мо ба тозагӣ ду буҳрон ва «шок»-и иқтисодиро пушти сар гузоштем. Поён рафтани ногаҳонии қимати нафт дар бозори ҷаҳонӣ ва таҳримҳои хориҷӣ, ки агарчӣ таъсирашон чашмрас набуд, ки Русияро аз пой афтонанд, аммо ба ҳар ҳол асаргузор буданд… Коҳиши қимати нафт беш аз таҳримҳо бар иқтисоди Русия асаргузор буд».

Амнияти хориҷӣ

«Кишварҳои ғарбӣ дар марз бо Русия ва ахиран дар кишвари Руминия мушакҳои раҳгиришуда мустақар кардаанд ва агарчӣ мо медонем, ки ин мушакҳо метавонанд ба мушакҳои байниқораии баллистик табдил шаванд, аммо аз ҳеҷ паймоне хориҷ намешавем, агарчӣ Америка қаблан низ ба сурати якҷонба ин корро анҷом додааст.

Ҳазинаҳои низомӣ бояд то андозае бошад, ки амнияти кишварро тазмин кунад ва набояд ба иқтисоди кишвар осеб бизанад. Дар ҳоли ҳозир Америка беш аз Русия барои таҷҳизоти низомӣ ҳазина мекунад. Мо бидуни оғози як рақобати таслиҳотии нав, амнияти Русияро ҳифз хоҳем кард».

Назаре ба Трамп

«Касоне, ки ба вай раъй додаанд, бояд дар бораи амалкарди вай назар бидиҳанд. Аммо ончи мушаххас аст дар муддатзамоне, ки вай президенти Америка буд, иқтисоди Америка рушди қобили таваҷҷуҳе доштааст. Ба тавре, ки сармоягузорони хориҷӣ моил ба сармоягузорӣ дар ин кишвар ҳастанд ва ин ба маънои эътимоди онҳо ба вазъияти феълии иқтисоди Америка аст ва ин амр дар натиҷаи тасмимоте, ки вай дар Кохи сафед гирифтаааст, амалӣ шудааст.

Трамп қодир ба анҷоми ваъдаҳое, ки қабл аз интихобот дар рақобатҳои интихоботӣ матраҳ карда буд, нест, чаро ки дар дохили Америка маҳдудиятҳое вуҷуд доранд. Ин ки оё вай ҳанӯз моил ба беҳбуди равобит миёни Русия ва Америка астро бояд аз худи ӯ бипурсем. Аммо мо умедворем, ки вай ҳамчунон ин тамоюлро дошта бошад, чаро ки ин масъала ба нафъи миллатҳои Америка ва Русия аст. Мо умедворем, ки бо ҳамкории ду кишвар битавонем ба масоиле, ки ҷаҳон бо он мувоҷеҳ аст, аз ҷумла терроризм, масоили зистмуҳитӣ, паҳн шудани аслиҳа, яроқи қатли ом, масаъалаҳои Ховари Миёна ва Кореяи Шимолӣ ва бисёре мавориди дигар ғалаба кунем.

Ба эътиқод ман касоне, ки дар Америка ба мухолифат бо президенти ин кишвар мепардозанд, мутаваҷҷеҳи ин масъала нестанд, ки дар ҳоли кам кардани манфиатҳои кишваршон ҳастанд. Онҳо қудрати президентеро, ки худашон интихоб кардаанд, заиф мекунанд. Ба эътиқоди ман онҳо аслан барои касоне, ки ба президенти Америка раъй додаанд, эҳтиром намегузоранд»

Дахолат ба интихоботи Америка

«Оё дар замони рақобатҳои интихоботӣ дар як кишвар, мо бояд робитаҳои дипломатии худро ба таваққуф андозем? Сафири мо дар Америка муттаҳам шудаааст, ки бо шахсе дар ин кишвар дидор доштааст.  Ин масъала ҳар куҷои дигари ҷаҳон низ шуданаш мумкин аст. Ин як фаъолияти аслист, ки дипломатҳои кишварҳо бо номзадҳои мухталиф дар интихобот вохӯрӣ дошта бошанд ва дар бораи масоиле гуфтугӯ кунанд, то ин масъала равшан шавад, ки ин афрод пас аз рӯйи кор омадан чӣ амалеро думбол хоҳанд кард. Чӣ чизи аҷибе дар ин хусус вуҷуд дорад? Чаро шумо ин ҳассосияти ҷосусиро доред?

Иттиҳомоти марбут ба тавтеа, ки алайҳи Трамп матраҳ мешавад, ба низоми сиёсии Америка осеб расондааст.

Вазъи Кореяи Шимолӣ

«Қонунгузорони шумо дар Америка ва сенаторҳоятон нисбатан аҷиб ҳастанд. Онҳо моро дар вазъияти мушобеҳи Эрон ва Кореяи Шимолӣ қарор додаанд ва сипас аз президенти Америка мехоҳанд, ки масоили марбут ба ин ду кишварро бо ҳамкории мо ҳал кунад. Ин аслан маънодор нест.

Сиёсати хориҷе, ки мо дар пеш мегирем бар хилофи бисёре кишварҳои дигар кӯтоҳмуддат нест… Мо бо дигар кишварҳо дар бораи масоили амниятӣ ҳассос ҳамкорӣ дорем… Дар хусуси Кореяи Шимолӣ ҳама мавзеи Русияро медонанд. Русия вазъияти ҳастаии Кореяи Шимолиро ба расмият намешиносад. Мо бар ин боварем, ки ҳар ончи дар ин нимҷазира дар ҳоли вуқӯъ аст, ғайрисозанда аст. Ман мехоҳам як бори дигар такрор кунам, ки дар соли 2005 бо Кореяи Шимолӣ тавофуқе ҳосил шуда буд. Онҳо мехостанд барномаи ҳастаии худро мутаваққиф кунанд ва бархе шартҳоро пазируфта буданд. Ҳама аз ин тавофуқ розӣ буданд, аммо чанд моҳ баъд аз он, Америка тасмим гирифт то аз ин тавофуқ берун равад… Баъд ҳам Кореяи Шимолӣ тасмим гирифт, то барномаи ҳастаии худро берун аз ин тавофуқ тавсеа диҳад. Агар Америка ин тавофуқро намехосту фикр мекард, ки кофӣ нест, чаро аслан онро имзо кард. Шумо Кореяи Шимолиро таҳрик кардед, ки аз ин тавофуқ хориҷ шавад».

Барои Кореяи Шимолӣ ин танҳо роҳ ҳимоят аз худ будааст. Онҳо маҷбур шуданд яроқи қатли ом дошта бошанд. Ва имрӯз ба ҷое расидаанд, ки мушакҳое доранд, ки қодир аст ба хоки Америка бирасад, албатта зоҳиран… Ҳар ду тарафи танишҳо дар Кореяи Шимолӣ бояд аз доман задан ба ин танишҳо худдорӣ кунанд. Мо қаблан шунидем, ки Америка гуфт манёврҳои низомии худ дар минтақаро мутаваққиф мекунад, аммо аз нав як манёвр дигар баргузор кард ва ба думболи он низ Кореяи Шимолӣ як мушаки нав озмоиш кард… Ин вазъият бисёр хатарнок аст. Мо қаблан ҳам ба Америка ҳушдор дода будем, ки масалан, ҷангеро алайҳи Кореяи Шимолӣ оғоз кунед ҳатто бо истифода аз мушакҳои нуқтазан ва дақиқ, медонед кадом нуқта аз Кореяи Шимолиро ҳадаф бигиред? Намедонед. Кореяи Шимолӣ як кишвар комилан баста аст. Мо бисёр кам дар бораи Кореяи Шимолӣ медонем… Ва агар Кореяи Шимолӣ низ мушакҳои худро партоб кунад, оқибати он бисёр фоҷиабор хоҳад буд.

Мо як бор шоҳиди истифода аз аслиҳаи ҳастаӣ будем. Америка яроқи ҳастаии худро алайҳи Япония истифода кард… Агар ин бор ин иттифоқ дар бораи Кореяи Шимолӣ биафтад, вазъияти бисёр хатарноке ба вуқӯъ хоҳад пайваст».

Паноҳҷуёни марзи Сурия ва Аврупо

«Паноҳҷуён таоман дар марзи Туркия нестанд ва ин масъалае аст, ки Урдун ва бисёре кишварҳои аврупоӣ низ бо он мувоҷиҳ ҳастанд. Аммо бояд таъкид кунем, ки ин масъалае нест, ки Сурия ба танҳоӣ битавонад онро ҳал кунад. Кишварҳои дигар низ бояд дар ин замина ҳамкорӣ кунанд, ҳатто Русия низ наметавонд ба танҳо ин масъаларо ҳал кунад. Аммо мо ҳозирем, ки ҳамкорӣ кунем ва ин масъала бояд ба унвони бахше аз талоши ҷомеаи байналамилалӣ ҳал шавад».

 Ҳамкории Америка бо террористҳо

«Ман дар бораи анҷоми ин сафар итминон доштам, аммо масъалаи аслӣ замони анҷоми ин сафар буд. Мо бояд бо гурӯҳҳои террористӣ мубориза кунем ва онҳоро нобуд кунем… Ба таври куллӣ барои мубориза бо терроризм дар Сурия ва дигар нуқоти ҷаҳон бояд сатҳи зиндагии умумиро боло бурд…. Аммо вақте ба нақши Америка дар мубориза бо неруҳои террористӣ мерасем, мебинем онҳо террористҳоро ҳадаф қарор намедиҳанд ва далели аслии он низ ин аст, ки мехоҳанд аз ин афрод баъдан дар таъмини ҳадафҳои худ истифода кунанд».

Ҳамапурсии Курдистон

«Дар минтақаи кардстони Ироқ як ҳамапурсӣ баргузор шуд ва баъдан раҳбари худатон (роҳбари Курдистон-ред.) эълом кард, ки иҷрои натиҷаи он бояд ба таъвиқ биафтад, ин тасмими мо набуд, тасмими худатон буд. Баъд вай истеъфо дод ва тасмими вай ҳанӯз барқарор аст… Мо мӯътақидем, ки ҳеҷ иқдоми шадиде набояд дар ин робита сурат гирад ва бояд ба назари давлати Ироқ эҳтиром гузошт. Ширкатҳои мо дар Ироқ ва Курдистон фаъол ҳастанд… Мо робитаҳои арзишманде бо курдҳо доштем ва дорем… Ман печидагии авзоъро дарк мекунам ва мӯътақидам, ки ҳеҷ монеае барои ҳифзи равобити хуби мо бо минтақа Курдистони Ироқ вуҷуд надорад».

Кобул ба ёрӣ ниёз дорад

«Давлати Кобул ба ёрӣ ниёз дорад, зеро хатарҳо дар Афғонистон рӯ ба афзоиш ҳастанд. Мо омодаем аз онҳо барои омӯзиши артиш, коршиносон ва ироаи таҷҳизоти низомӣ, ҳимоят кунем. Бо Трамп дар бораи ҳамкории муштарак дар набард бо гурӯҳҳои террористӣ ва қочоқ маводи мухаддир дар Афғонстон сӯҳбат кардаем».

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here