Керемл хабар дод, ки президенти Русия Владимир Путин ва президенти Сурия Башшор Асад дар Сочӣ дидор ва гуфтугӯ карданд.
Бар асоси ин гузориш, президентҳои ду кишвар тавофуқ карданд, ки амалиёти низомӣ дар Сурия ба марҳалаи поёнӣ наздик мешавад. Сарони ду кишвар ҳамчунин бар зарурати оғози раванди сиёсӣ дар Сурия таъкид карданд.
Ду президент илова бар ин гуфтаанд, ки мубориза алайҳи терроризм дар Сурия ба поёни кор наздик мешавад.
Бино бар гузориши шабакаи Russia Today президенти Русия дар ин дидор, ки рӯзи гузашта 20 ноябр дар Сочӣ баргузор шуд, дастовардҳо ва пешравиҳои артиши Сурия алайҳи террористҳо дар ин кишварро ба Асад табрик гуфтааст.
Путин дар идома таъкид кардааст: «Русия дар хусуси ҳалли буҳрони Сурия бо Ироқ, Америка, Миср, Арабистони Саудӣ ва Урдун дар тамоси доимӣ аст».
Башшор Асад низ дар ин дидор гуфтааст: «Неруҳои Русия пешбурди роҳиҳалли сиёсӣ дар Сурияро муяссар сохтанд».
Асад иброз доштаст, ки Димишқ моил ба пешбурди роҳиҳалли сиёсӣ барои буҳрони мавҷуд аст ва вазъияти мавҷуд, бо таваҷҷуҳ ба ин масъала, хушбинона мебошад.